Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аббос ва Клинтон хостори қатъи мудохилаи Эрон шуданд


Раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос ва котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон аз Эрон даъват карданд, мудохиларо дар умури мардуми фаластинӣ бас кунад. Клинтон ва Аббос пас аз мулоқот дар Ромуллоҳи Каронаи Бохтарии рӯди Урдун бо ин нукта ба даъвати раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ посух доданд, ки аз ҳамаи мусулмонон хостааст ба муқовимати фаластиниҳо зидди Исроил шарик шаванд. Аббос, ки танҳо Каронаи Бохтарии рӯди Урдунро зери назорат дорад, мегӯяд, мудохилаи Эрон фақат ҷудоӣ миёни фаластиниҳоро амиқтар мекунад. Эрон аз рақибони Аббос, гурӯҳи Ҳамос ҳимоят мекунад. Ин гурӯҳ назорати Навори Ғаззаро дар даст дорад.
XS
SM
MD
LG