Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми боздошти раиси ҷумҳури Судон содир шуд


Имрӯз Додгоҳи Байналмиллалии ҷурму ҷиноёт дар Ҳейг ё Гаага ҳукми боздошти Умар ал-Башир-раиси ҷумҳури Судонро содир кард. Вай барои ҷиноятҳои ҷангӣ бар зидди башарият муттаҳам эълон шудааст. Луис Морено Окампо -мақоми баландпояи Додгоҳи Байналмиллалии ҷурму ҷиноёт мегӯяд, бар зидди президент ал-Башир далоили қаввӣ вуҷуд дорад, ки вай низомиёни Судон ва ниманизомиёни арабро ба куштор, таҷовуз ба номӯс ва барои аз маҳали зист беҷо кардани қабилаҳои африқоӣ сафарбар кардааст. Хонум Лоренс Блейрон-сухангӯи Додгоҳи Байналмиллалии ҷурму ҷиноёт дар Ҳейг баъд аз судури ҳукм гуфт:

"Ин нахустин ҳукми боздоштест, ки Додгоҳи Байналмиллалии ҷурму ҷиноёт барои як раҳбари сари қудрат содир мекунад".

СММ мегӯяд, аз соли 2003 ба ин сӯ, яъне аз замони оғози муноқиша дар Дорфур 300 ҳазор нафар кушта ва 2 миллиону 700 ҳазор аз маҳали зисти худ фирор кардаанд.


XS
SM
MD
LG