Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Гаага ҳукми президенти Судонро содир кард


Додгоҳи байнулмилалии ҷурму ҷиноёт дар Гаага ҳукми боздошти Умар ал-Башир, раисҷумҳури Судонро содир кард.

Луис Морено Окампо, мақоми баландпояи Додгоҳи байнулмилалии ҷурму ҷиноёт дар Гаага мегӯяд, бар зидди президент ал-Башир далоили қавӣ вуҷуд дорад, ки вай низомиёни Судон ва ниманизомиёни арабро ба куштор, таҷовуз ба номус ва аз маҳали зист беҷо кардани қабилаҳои африқоӣ сафарбар кардааст. Морено Окампо гуфт, раҳбари Судон тибқи 10 модда барои қатли ом, ҷиноят бар зидди башарият ва ҷиноёти ҷангӣ муттаҳам дониста шудааст. Бино ба гуфтаи Морено Окампо, дар додгоҳ тақрибан 30 нафар шоҳидони айнӣ гувоҳӣ додаанд, ки ал-Башир маъракаи зидди башариро раҳбарӣ кардааст ва ҳадафи вай аз байн бурдани се қабилаи шӯришии африқоӣ дар Дорфур будааст.

Лоренс Блейрон, сухангӯи Додгоҳи байнулмилалии ҷурму ҷиноёт дар Гаага гуфт, ал-Башир нахустин раисҷумҳури сари кор аст, ки бар зидди вай чунин ҳукм содир мешавад.

СММ мегӯяд, аз соли 2003 ба ин сӯ, яъне, аз замони оғози муноқиша дар Дорфур 300 ҳазор нафар кушта ва 2 миллиону 700 ҳазор аз маҳали зисти худ фирор кардаанд.

Худи ал-Башир иттиҳомоти Додгоҳи байнулмилалии ҷурму ҷиноётро рад мекунад ва мегӯяд, бар зидди ин додгоҳ шикоят мебарад. Вай зимни суханони худ қабл аз судури ин ҳукм ба рӯзноманигорон гуфт, тасмими додгоҳ барои вай ҳеҷ арзиш надорад.

Дар қатъномаи шумораи 1706-и Шӯрои амнияти СММ ба ал-Башир пешниҳод шудааст, ки вай бояд муноқишаи Дорфурро ҳал кунад. Тибқи ин қатънома, 20 ҳазору 600 нафар низомӣ ва пулиси СММ бояд ба 7 ҳазор нирӯҳои Иттиҳоди Африқо дар Судон кӯмак кунанд.

Ҳукми боздошти ал-Башир нахустин ҳукми Додгоҳи байнулмилалии ҷурму ҷиноёт дар Гаага аст, ки барои боздошти раисҷумҳури як кишваре содир мешавад, ки ҳоло дар сари қудрат аст. Ин модда соли 2002 барои ҷурму ҷиноёти ҷангӣ дар додгоҳ ба тасвиб расидааст. Бо вуҷуди он ки ҳукми Додгоҳи байнулмилалии ҷурму ҷиноёт содир шудааст, хатаре вуҷуд надорад, ки ал-Башир билофосила боздошт шавад, зеро ин додгоҳ салоҳияти иҷрои чунин корро надорад.

Аммо шахси машкук дар кишваре метавонад боздошт шавад, ки он кишвар санади Додгоҳи байнулмилалии ҷурму ҷиноёти Гаагаро имзо кардааст. Чунин санадро то ҳол 100 кишвар имзо кардаанд, вале дар миёни онҳо Судон нест. Шӯрои амнияти СММ соли 2005 аз Додгоҳи байнулмилалии ҷурму ҷиноёт дархост карда буд, ки ба ҷиноятҳои Дорфури Судон расидагӣ кунад. Луис Морено Окампо бори аввал моҳи июли соли гузашта аз додгоҳ дархост кард, ки ҳукми боздошти ал-Башир содир шавад. Аммо қозиёни додгоҳ бино ба мавҷудияти маълумоти зиддунақиз судури ҳукми додгоҳро ба таъвиқ андохта буданд.
XS
SM
MD
LG