Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли судури дастури ҳабси президенти Судон Умаp ал-Башир


Имрӯз маълум мешавад, ки Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дастури ҳабси президенти Судонро содир хоҳад кард ё на. Умар ал-Башир дар ташкилу тарҳрезии наслкушии қабилаҳои қавмии африқоӣ дар минтақаи Дорфури Судон айбдор мешавад. Сардодситон Луси Морено-Окампо гуфт, "далелҳои қавие" мавҷуданд, ки Башир ҳарбиёни Судон ва шибҳинизомиёни арабро ба маъракаи куштор, таҷовуз ба номус ва рондани қабилаҳои африқоӣ сафарбар кардааст. Созмони Милал гуфтааст, аз оғози низоъ дар Дорфур дар соли 2003 наздик ба 300 000 нафар кушта ва 2 миллиону 700 ҳазор нафар ба тарки манзили хеш маҷбур шудаанд. Агар дастури ҳабси Башир содир шавад, ин аввалин дастуре хоҳад буд барои боздошти раҳбари амалкунандаи давлат аз тарафи додгоҳи мустақар дар Нидерландия, ки дар соли 2002 ҳамчун аввалин трибунали доимии ҷиноятҳои ҷангӣ таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG