Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, кори журналисти амрикоӣ ғайриқонунӣ буд


Эрон мегӯяд, журналисти амрикоӣ, ки тибқи хабарҳо як моҳ пеш боздошт шудааст, ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ фаъолият дошт. Падари Роксана Собирӣ гуфт, аз даҳуми феврал ба ин сӯ аз духтараш хабаре надоштааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, муҷаввизи кори Собирӣ ду сол пеш лағв шудааст. Вай дар бораи куҷо будани хонуми Собирӣ иттилоъ надод. Собирӣ, ки дар Иёлоти Муттаҳида таваллуд шудааст, шаш соли охир дар Эрон зиндагӣ мекард.
XS
SM
MD
LG