Генерал На Уай дирӯз, якуми март дар пайи як таркиш дар як бинои низомӣ кушта шуд. Ин сӯиқасд ва куштор сабабгори бурузи нооромиҳо гардид ва инак дар нахустин рӯзи нооромиҳо президент низ кушта шуд.
Президенти кушташуда, Жоао Бернардо Виейра аз соли 1980 бад ин сӯ дар ин кишвар дар сари қудрат буд. 69 сол дошт. Дар чанд моҳи ахир муносибатҳояш бо артиш хуб набудааст.
Гвинея-Бисау дар соли 1974 аз Португалия истиқлоли худро ба даст овардааст ва аз ҳамон замон ба ин ҷониб ноамн мебошад. Гвинея-Бисау яке аз фақиртарин кишварҳо дар қораи Африқост ва яке аз роҳҳои асосии интиқоли кокаин аз Амрикои Ҷанубӣ ба Аврупо маҳсуб мегардад.
Шарҳҳоро бинед (1)
Боз кардани шарҳи бештар