Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократия дар Ироқ реша гирифтааст


Демократия дар Ироқ реша гирифта, "Ал-Қоъида" дар он ба таври ҷиддӣ тазъиф шуд. Ин хулоса аз забони генерали бритониёӣ, муовини фармондеҳи нерӯҳои эътилофии таҳти сарварии Амрико дар Ироқ, Ҷон Купер садо дод. Вай гуфт, интихоботи минтақаии моҳи январ дар Ироқ орому осудатарин маърака аз замони ишғоли Ироқ дар соли 2003 буд. Купер афзуд, "Ал-Қоъида" бо сабаби он ки мардуми осоиштаро ҳадаф қарор дод, пуштибонияшро гум кард. Генерал Купер дар садади поёни хидматаш дар Ироқ аст ва 4100 сарбози бритониёӣ 31-уми май ба хуруҷ аз пойгоҳи худ дар Басра оғоз мекунанд.
XS
SM
MD
LG