Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиди Карзай тезтар интихоб шудан мехоҳад


Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури Афғонистон
Ҳомиди Карзай, раисҷумҳури Афғонистон

Изҳороти Ҳомиди Карзай дар бораи зарурати тағйири замони баргузории интихоботи президентӣ ба боди шадиди интиқодот аз сӯи гурӯҳҳои сиёсӣ рӯбарӯ шуд.

Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ахиран эълон кард, ки интихоботи ҷадиди раёсати ин ҷумҳурӣ бояд дар замони барояш таъйинкардаи Қонуни асосӣ, яъне то 21 май доир шавад, на дар 20 август.

Раҳбарони мухолифини афғон рӯзи якшанбе Карзайро дар талоши саботаж ва ё ба ҳам задани интихобот ва аз майдони мубориза берун кардани муддаиёни дигари курсии раёсатҷумҳурӣ айбдор карданд. Ҳомиди Карзай рӯзи шанбе аз комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон хост, рӯзи интихоботро аз 20 август 3 моҳ пештар биёранд.

Аммо мухолифини ӯ, аз ҷумла Ҷабҳаи муттаҳидаи миллӣ, ва ҳамин тавр, комиссиюни мустақили интихобот мегӯянд, дар моҳи апрел баргузор кардани интихоботи президентӣ ба маҳзи як силсила мушкилоти амниятӣ ва моливу фаннӣ ва ҳатто аз нигоҳи вазъи обуҳаво ғайримумкин аст.

Аъзои Ҷабҳаи муттаҳида мегӯянд, барфу борон монеи раъйдиҳӣ дар навоҳии душворгузари кӯҳистони Афғонистон хоҳад шуд. Саидфозил Сангчоракӣ, сухангӯи Ҷабҳаи миллӣ, гуфт, Карзай ба хотири ҳифзи мақом, кишварро ба як вазъи изтирорӣ тела медиҳад.

Аммо Ҳомиди Карзай гуфтааст, пешниҳоди ӯ дар мавриди дар моҳи апрел барпо кардани интихобот ба хотири мурооти он банди Қонуни асосист, ки ҳанӯз аз 30 то 60 рӯз қабл аз замони анҷоми маъмурияти раисҷумҳури амалкунанда баргузор кардани интихоботи ҷадидро тақозо мекунад. Давраи феълии раёсати Карзай рӯзи 21 май ба поён мерасад.

Аммо дар ҳоле, ки комиссиюни интихобот ба далоили амниятиву фаннӣ 20 августро ҳамчун таърихи рӯзи интихоботи ҷадиди раёсатҷумҳурии Афғонистон таъин кард, мухолифин мегуфтанд, ки машруияти раҳбарии Ҳомиди Карзайро баъд аз 21 май эътироф нахоҳанд кард.

Аҳмадзиё Сиёмаки Ҳиравӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон, гуфт, Ҳомиди Карзай дар як вазъи мушкил қарор дорад, чунки мухолифини ӯ ҳар таърихеро, ки барои интихобот таъйин шавад, ҳатман ба боди интиқод хоҳанд кашид.

Комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон гуфтааст, то моҳи август нерӯҳои байнулмилалӣ ва артиши Афғонистон фурсат хоҳанд дошт, то муқовимати чирикиҳоро фурӯ нишонда, як фазои амнтаре барои баргузории интихоботро фароҳам биоранд. Сухангӯи комиссиюн Нурмуҳаммади Нур гуфт, ин ниҳод бо дарназардошти шароит ва вазъи мавҷуд рӯзи 20 августро интихоб карда буд.

Аммо сухангӯи комиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон афзуд, ки ин ниҳод пешниҳоди раисҷумҳур Ҳомиди Карзайро ба баррасӣ хоҳад гирифт. Созмонҳо ва кишварҳои кумакрасоне, ки таъмини молии интихоботи ҷадид дар Афғонистонро бар ӯҳда доранд, низ моҳи августро барои баргузории интихобот муносибтар мехонанд.

Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи шанбе бо пахши як баёния гуфт, дар моҳи август барпо кардани раъйгирӣ итминон ва имкон медиҳад, ҳар як шаҳрванди Афғонистон иродаи сиёсиашро дар як шароити амн изҳор кунад.

Аммо бархе аз таҳлилгарони афғон дар моҳи апрел доир кардани интихоботро коре ғайривоқеъӣ ва ғайриқобилииҷро меноманд ва мегӯянд, Карзай мехоҳад бо ин шева таърихи барои худи ӯ муносибтари раъйгириро таъйин карда, рақибонашро дар як шароити рақобати нобаробар қарор диҳад ва барои боз як давраи дигар дар мақоми раҳбарии Афғонистон бимонад.
XS
SM
MD
LG