Созмони “Мемориал” мегӯяд, сеяки ин афрод дар пайи рӯйдодҳои хунини Андиҷон таҳти таъқиби мақомоти Узбакистон қарор гирифтаанд. Дар гузориш омадааст, ки ошӯбҳои моҳи майи соли 2005 дар Андиҷон дасти мақомоти интизомии президент Ислом Каримов ва кишварҳои дигари шӯравии собиқ, аз ҷумла Русияву Тоҷикистон ва Қирғизистону Қазоқистонро дар амри таъқиби дигарандешон хеле дароз кард.
Ба ҳисоби “Мемориал”, дар пайи рӯйдодҳои Андиҷон дар Узбакистон 357 нафар, бо шумули 40 хабарнигор ва фаъоли ҳуқуқи башар, бо ангезаҳои сиёсӣ ба зиндон кашонида шуданд.
“Мемориал” мегӯяд, соли 2007 дар Узбакистон 164 нафар ва соли гузашта 95 нафар бо далоили сиёсӣ муҳокима шуданд.
Шарҳҳоро бинед (1)
Боз кардани шарҳи бештар