Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имоми Аъзам: шахсияти миллӣ ё мазҳабӣ?


Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар конфронси “Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ” ҳимоят аз мазҳаби ҳанафиро ба манфиати давлат донист.

Президент Раҳмон гуфт, шинохти Имоми Аъзам ва мероси фиқҳии ӯ дар замони ҷаҳонишавӣ ва зуҳури ҳар гуна ҷараёнҳои тозапайдои мазҳабӣ метавонад амнияти миллиро устувор нигаҳ дорад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суханронии худ аз афзоиши теъдоди макотиби динӣ ва барномаи омӯзишии онҳо дар кишвар изҳори нигаронӣ ва таҳсили навҷавонҳои тоҷик дар мадориси динии хориҷиро зери бори танқид гирифт.

Ба гуфтаи президент Раҳмон аз соли 1992 то соли 2008 ба донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ 2 ҳазору 200 навҷавони тоҷик роҳ ёфтаанд, ки танҳо бештар аз 600 нафари онҳо расман донишомӯз будаанд. Аз ин дидгоҳ, ҷаноби Раҳмон гароиши навҷавонон ба фирқаҳои мухталифи мазҳабиро низ сарфи назар накард ва ҳузури онҳо дар масоҷиди кишварро ба манфиат надонист.

Вай аз Вазорати маориф ва Донишкадаи давлатии исломӣ хост, ки тарҳи тозаи барномаҳои таълимӣ барои синфҳои болоии макотиби миёнаро бо дарназардошти таълимоти мазҳаби ҳанафӣ таҳия ва ба дастгоҳи раисиҷумҳур пешниҳод кунанд.

Кароматулло Олимов, раиси Институти шарқшиносӣ, низ муаррифӣ ва шинохти Имоми Аъзамро, ки бештар аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон аз мазҳаби ӯ пайравӣ мекунанд, нуқтагузорӣ ба баҳсҳои мазҳабӣ дар кишвар унвон кард. Вай гуфт, ин иқдом метавонад пеши роҳи онҳоеро бигирад, ки мехостанд аз номи Ислом алайҳи Ислом баромад кунанд: “Аз ҷониби дигар, барои ҷилавгирӣ кардан аз тундравиҳое, ки дар мазҳабҳо ва ҷараёнҳои динӣ вуҷуд доранд, нақши хуб хоҳад бозид”.

Дар ҳамин ҳол, Абдувоҳид Шамолов, раиси Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ҳимояти расмии президент Раҳмон аз мазҳаби ҳанафиро талоше танҳо барои тақвияти дини Ислом надонист. Вай гуфт, ин иқдом дар баробари ҷанбаи диниву фарҳангӣ доштанаш, амнияти давлатдориро низ дар назар дорад. Ҷаноби Шамолов аз Имом Абӯҳанифа ба унвони як шахсияти миллӣ ёд кард, ки ба гуфтаи ӯ метавонад наврасонро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбия ва ваҳдати миллиро комил кунад:

“Ҳадаф он аст, ки аз тариқи фарзандони шинохтаи миллат мо ба асли фарҳанги миллии худ рӯй орем. На эъмори ҷомеаи теокартӣ ё исломӣ дар Тоҷикистон аст. Агар мехоҳем, воқеан ҷомеаи демократӣ созем, бояд ҳам паҳлуи динӣ ва ҳам паҳлуи дунявиро мадди назар гирем. Ин дар минбаъда имкон фароҳам мекунад, ки ваҳдату суботи Тоҷикистон таъмин шавад”.

Аммо ин гуфтугузор дар ҳолест, ки ба қавли рӯҳониёни Тоҷикистон Соли бузургдошти Имоми Аъзам ҳам наметавонад муносибати давлат бо диндоронро нармиш бахшад. Ба гуфтаи онҳо тарҳи қонуне, ки акнун дар долонҳои Маҷлиси Намояндагон баҳс мешавад, метавонад фаъолияти масоҷид ва рӯҳониёнро шадидан таҳти контроли давлат қарор диҳад, ки дар мавъизахониву ибодати озоди онҳо садд эҷод хоҳад кард.

Маҳмудҷони Тӯраҷонзода мулаққаб ба Эшони Маҳмудҷон, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон, мегӯяд, таълимоти Имоми Аъзам агарчи намози ҷамоатро воҷиб ва бунёди масоҷиди панҷвақтаро зарур мешуморад, аммо мақомоти расмӣ ба гуфтаи ӯ, ин ҳамаро нодида мегиранд. Аммо вай изҳори умедворӣ мекунад, ки Соли бузургдошти Имоми Аъзам танҳо як шиор ва “фиреби назар”-и мақомот барои сокинони мусулмон набошад:

“Акнун мо уммедвор ҳастем, ки ҳамин пуштибонӣ аз мазҳаби Имоми Аъзам фақат дар шиор набошад. Бояд мақомоти қонунгузор ҳам амалан бо мазҳаби Имоми Аъзам мувофиқ бошанд ва аҳкоми Имоми Аъзамро дар ҷомеа пиёда намоянд. Бахусус, дар бахши қонунигардонии масҷидҳо...”

Зимнан, мазҳаби ҳанафӣ-мазҳаби Имом Абӯҳанифа яке аз чаҳор мазҳаби аслии аҳли тасаннун аст, ки пайравони он имрӯз дар Эрону Афғонистон, Осиёи Миёна, Туркия, Ҳинду Покистон ва бархе аз кишварҳои арабӣ ба сар мебаранд.

Беш аз навад дарсади сокинони Тоҷикистон низ аз ин мазҳаб пайравӣ мекунанд ва президент Раҳмон ҳам гуфт, ки намегузорад гурӯҳҳои мухталиф ин фазоро халалдор кунанд. Аммо рӯшан нест, ки ин талошҳо ва ҳимоятҳои расмӣ аз мазҳаби ҳанафӣ пайравони он дар Тоҷикистонро то куҷо хоҳанд бурд...

XS
SM
MD
LG