Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин танқидҳои Амрико аз вазъи ҳуқуқи инсонро рад кард


Чин имрӯз танқидҳои Иёлоти Муттаҳида дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Чинро рад кард ва гуфт, нахуст бояд худи Амрико хонаи худро ба тартиб оварад. Вазорати корҳои хориҷии Чин гуфт, Чин барои ҳуқуқи инсон сатҳи баланди "ҳимоят ва эҳтиром"-ро нигоҳ медорад. Департаменти давлатии Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар Чин дигарандешон, эътирозгарон, фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар мавриди боздошт ва ҳамла қарор мегиранд ва ин ҳодисаҳо дар давраи маъаракаҳои бузург, монанди Бозиҳои олимпии моҳи августи соли гузашта ба авҷ расидаанд. Департаменти давлатӣ дар гузориши солонааш вазъи ҳуқуқи инсонро дар 190 кишвари ҷаҳон дар соли 2008 баррасӣ ва кишварҳое чун Русия, Эрон, Узбакистон, Кореяи Шимолӣ ва Чинро дар ин робита танқид кардааст.
XS
SM
MD
LG