Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳҳои фаластинӣ ба ҳам меоянд


Имрӯз дар Қоҳира, пойтахти Миср, конфаронс оид ба мусолиҳа миёни гурӯҳҳои фаластинӣ ифтитоҳ хоҳад шуд. Раҳбарони ҷунбиши “Фатҳ”-и раиси Идораи худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос, гурӯҳи “ҲАМОС” ва чанд гурӯҳи дигар барои эҳёи ваҳдати миллӣ талош хоҳанд кард. Ҳадафи нишаст – ташкили ҳукумати ягонаест, ки дар арсаи байнулмилалӣ аз Фаластин намояндагӣ кунад. Дар арафаи музокирот ин гурӯҳҳо дар бораи озод кардани рақибони сиёсияшон ба созиш расиданд.

XS
SM
MD
LG