Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни садама дар Амстердам 9 нафар шуд


Ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Туркиш Эйрлайнз”, бо беш аз 130 сарнишин зимни нишастан дар фурудгоҳи Шипҳоли Амстердами Ҳолланд дучори садама шуд. Як мақоми ин фурудгоҳ бидуни бурдани ном гуфт, бар асари садама 9 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар захмӣ шудаанд. Қаблан, вазири нақлиёти Туркия Биналӣ Йилдирим гуфт, кулли сарнишинони ҳавопаймо аз ин садама ҷони солим ба дар овардаанд. Иллати садамаи ҳавопаймои Боинг-737, ки дар масири Истамбул – Амстердам парвоз мекард, ҳанӯз рӯшан нест, вале наворҳои телевизионӣ ҳокист, ки ҳавопаймои суқуткарда бар асари садама чанд пора шудааст.
XS
SM
MD
LG