Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашокаш барои таъсиси ҳукумати Исроил


Ҳизби Кори Исроил имрӯз дархости Бенямин Нетаняҳу - раҳбари Ҳизби Ликуд, барои таъсиси ҳукумати эътилофӣ дар ин кишварро рад кард. Эҳуд Барак - раҳбари Ҳизби Кор, гуфт, ҳизби онҳо “мухолифати масъулона, созанда ва ҷиддиро” беҳтар мешуморад. Тзипи Ливнӣ - вазири умури хориҷаи Исроил, ки ҳизби марказгарои Кадимаро раҳбарӣ мекунад, гуфт, дар робита ба идомаи музокирот бо Бенямин Нетаняҳу барои таъсиси ҳукумати эътилофӣ ризоият додааст. Аммо гуфтааст, ӯ, “ихтилофоти амиқе” миёни ду тараф боқӣ мемонад. Шимон Перес – раиси ҷумҳури Исроил рӯзи ҷумъа ба Бенямин Нетаняҳу дастур дод, то ба ташкили ҳукумати эътилофӣ бипардозад, чаро ки дар интихоботи аввали ин моҳ ҳеҷ яке аз ҳизбҳои Исроил барои таъсиси ҳукумат раъйи кофӣ ба даст наоварданд.
XS
SM
MD
LG