Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват барои кӯмак ба ҳамсояҳои Аврупо


Беннита Ферреро-Валднер - кумиссионери умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, умедвор аст, раҳбарони кишварҳои узв моҳи оянда барномаи тақвияти ҳамкорӣ бо ҳамсоякишварҳои иттиҳодия аз шӯравии собиқро имзо хоҳанд кард. Нишасти мазкур рӯзҳои 19 ва 20 март баргузор мешавад. Бенита Ферреро-Валднер, ки дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел сӯҳбат мекард, гуфт, муноқишаи Русия ва Гурҷистон дар моҳи август ва ҷанҷоли Русия ва Укроин бар сари қимати газ зарурати қабули барномаи мазкурро бештар кардааст. Кумиссиёни Аврупо барномаеро муаррифӣ кард, ки ҳадаф аз он масрафи 350 миллион еврои изофӣ барои рушди субот ва иқтисоди Укроин, Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Молдова аст, ки барояшон иттиҳодия 250 миллион евро ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG