Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 74 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон


Шумори зиёди муҳоҷирони тоҷик дар бозори "Барахолка"-и Алмаато ба тиҷорат машғуланд
Шумори зиёди муҳоҷирони тоҷик дар бозори "Барахолка"-и Алмаато ба тиҷорат машғуланд

Дар натиҷаи амалиёти вижаи кормандони пулиси шаҳри Алмаато ҷиҳати тафтиш ва муайян кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ 74 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардид.

Бозрасӣ дар бозори бузурги ин кишвар, мавсум ба «Барахолка», роҳандозӣ шуд, ки дар ин ҷо шумораи зиёди муҳоҷирони тоҷик солҳост ба тиҷорат машғул ҳастанд. Ин иттилоъро Салтанат Азирбек, сарвари бахши сиёсати забонӣ ва иттилооти идораи корҳои дохилии шаҳри Алмаато, дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ баён намуд.

Хонум Азирбек изҳор кард, ки 19-уми феврал ҳангоми амалиёти вижа бо кормандони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон намояндагони пулиси муҳоҷирати шаҳр дар бозор 111 шаҳрванди хориҷиро муайян карданд, ки онҳо хилофи қонуни муҳоҷират фаъолият мекарданд. Аз ҷумла, аз ҳама бештар 74 нафар аз Тоҷикистон, 14 нафар аз Қирғизистон ва 10 нафар аз Узбакистон боздошт гардиданд. Мӯҳлати будубоши 22 нафари онҳо маҳдуд карда шуд. 79 нафари боздоштшуда ҷиҳати муайян кардани шахсияташон ба боздоштгоҳи муваққатӣ фиристода шуд. Дар мавриди ҳамаи шаҳрвандони хориҷии боқимонда тафтишот идома дорад.

Муҳоҷирони тоҷик роҳи ягонаро дар фирору пинҳоншавӣ мебинанд ...
Сарвари бахши идораи корҳои дохилии шаҳри Алмаато афзуд, алъон дар мавриди истирдод ва ҷарима кардани онҳо наметавон ҳарф зад, зеро инро додгоҳ муайян хоҳад кард. Вале ӯ ҳадс зад, ки имкон дорад ҳама боздоштшудагонро ба ватанашон истирдод намоянд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои идораи корҳои дохилии шаҳри Алмаато, алъон дар мавриди муҳоҷирони ғайриқонуние, ки дар шаҳр кору фаъолият мекунанд, кормандони пулис минбаъд низ аз чораҳои шадидтар кор мегиранд ва дар ҳама нуқоти шаҳр тафтишот бурда, чунин ашхосро пайдо мекунанд ва аз кишвар берун менамоянд.

Муҳоҷирони тоҷик, ки дар бозори «Барахолка» бо тиҷорат машғуланд, мегӯянд, аз чунин тафтишҳои кормандони пулис онҳо намедонанд, чӣ кор кунанд ва онҳо роҳи ягонаро дар фирору пинҳоншавӣ мебинанд. Ҷамшед ном муҳоҷири тоҷик мегӯяд, «шароит вазнин шуда истодааст. Ҳама ҷо қапоқап. Бачаҳоро ғам медиҳанд. Иҷозаи кор намедиҳанд ва маҷбурем, ки пинҳонӣ кор кунем. Мегурезем ва ин ҷову он ҷо пинҳон мешавем. Дирӯз дар бозор аз бачаҳои тоҷик зиёда аз 40–50 касро боздошт карданд. Намедонем чӣ кор кунем, ҳайронем. Мефорад, ки ба Тоҷикистон равем. Лекин намешавад. Шароит муҳайё мешуд мерафтем, лекин...»

Ба гуфтаи Ҷамшед, дар натиҷаи боздошти бозаргонҳои тоҷик даҳҳо нуқтаи савдои онҳо ва молҳояшон бесоҳиб монданд ва онҳо намедонанд, ки чӣ кунанд. Вай мегӯяд, дар ин ҷо барои кор иҷоза намедиҳанд ва маҷбуранд, ки пинҳонӣ кору фаълият намоянд ва чун дар Тоҷикистон ҷои кор ҳам нест ва агар бошад ҳам маблағи дурусте намедиҳанд, ба ватан ҳам баргашта наметавонанд. Вале баъзеи муҳоҷирон, аз ҷумла як муҳоҷири тоҷик, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, изҳор кард, ки аз чунин мушкилот вай дирӯз ду бародарашро ба Тоҷикистон фиристодааст.
XS
SM
MD
LG