Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як фаронсавӣ дар таркише дар Қоҳира


Бар асари таркиш дар маркази шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср як кас кушта ва 17 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, қурбонии ҳодиса як хонуми сайёҳ аз Фаронса аст. Бештари маҷрӯҳон низ шаҳрвандони хориҷиянд. Гуфта мешавад, ки инфиҷор дар канори як тарабхона дар қисмати таърихии Қоҳира рух додааст. Ба иттилоъи полис, бомбро афроди ношиноси савори мотосикл ба сӯи тарабхона андохтаанд. Масъулияти ин ҳамларо ҳанӯз касе ваё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG