Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони Аврупо бӯҳрони молиро баррасӣ мекунанд


Имрӯз раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Берлини Олмон гирдиҳам омадаанд, то роҳҳои муборизаи муштарак бо бӯҳрони молии сартосариро баррасӣ кунанд. Ангела Меркел-нахуствазири Олмон умед дорад, ки ин мулоқот ба ислоҳоти баландмуддати молӣ тамаркуз хоҳад кард ва мушкилоти нав ба он соя нахоҳад афканд. Ҳафтаи ахир баъд аз хабари имкони миллӣ шудани бонкҳо ва дурнамои норӯшани иқтисодӣ нархи саҳом дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин рафт. Дар ҳамоиши имрӯзи Берлин раҳбарони Аврупо саъй хоҳанд кард, то пеш аз мулоқоти раҳбарони Ҷӣ 20 дар Лондон роҷеъ ба ин масоил ба тафофуқ даст ёбанд. Мулоқоти Ҷӣ 20- и Лондон 2-юми апрел баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG