Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон торнигори Муҳаммади Хотамиро бастаанд


Бино ба гузоришҳо, мақомоти Эрон торнигор ё веблоги Муҳаммади Хотамӣ-собиқ раиси ҷумҳуриро, ки барои ширкат дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии ин кишвар изҳори омодагӣ карда буд, бастаанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли Маҷид Ансорӣ-сиёсатмадори ислоҳталаб гуфтааст, дастикам, ду сомонаи интернетӣ дар Эрон масдуд шудаанд. Дар авоили моҳи ҷорӣ Муҳаммади Хотамӣ изҳор дошт, ки дар муборизаҳои интихоботӣ бар зидди Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури кунунӣ ширкат хоҳад кард. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ барои 12-ӯми июли соли ҷорӣ дар назар гирифта шудааст. Хотамӣ аз соли 1997 то соли 2005 раёсати ҷумҳурии Эронро бар ӯҳда дошт.

XS
SM
MD
LG