Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

ИМА хоҳиши Бишкекро баррасӣ мекунад

Роберт Гейтс - вазири дифоъи Амрико дирӯз гуфт, кишвараш масъалаи пардохти ҳаққи бештар барои истифодаи пойгоҳи муҳими Манаси Қирғизистонро баррасӣ хоҳад кард. Роберт Гейтс, ки дар нишасти вазирони кишварҳои узви НАТО дар шаҳри Кракови Лаҳистон ширкат мекунад, гуфт чунин мешуморад, ки ҳанӯз ҳам бо мақомоти Қирғистон метавон дар робита ба сарнавишти ояндаи фурудгоҳи ҳавоии Манас, гуфтӯгу кард, ки дар амри таъмини нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон кӯмак мекунад. Пештар аз ин баёнияи Роберт Гейтс, порлумони Қирғизистон созишнома дар мавриди бастани пойгоҳи Манасро тасвиб намуд. Роберт Гейтс гуфт, ҳарчанд масъалаи афзоиши ҳаққи истифодаи пойгоҳро баррасӣ мекунад, вале ҳарчӣ меъёр дорад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҳукумати Тоҷикистонро барои "таҳдиду бозпурсӣ"-и наздикони яке аз мухолифин дар Аврупо танқид кардаанд

Фатҳуддин Саидмуҳиддинов

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мақомоти Тоҷикистонро барои бозпурсӣ ва таҳдиди хонаводаи як фаъоли тоҷик дар Аврупо танқид кардаанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Norwegian Helsinki Committee ) рӯзи 4-уми декабр дар баёнияе гуфтанд, падар ва бародари Фатҳуддин Саидмуҳиддинов 19-уми ноябри имсол ба идораи амнияти Душанбе даъват ва панҷ соат бозпурсӣ шудаанд. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора вокуниш накардааст.

Ба навиштаи созмонҳо, эҳтимол мақомот мехоҳанд, ба ин восита монеи интиқодҳои Саидмуҳиддинов аз ҳукумати Тоҷикистон шаванд. Фатҳуддин Саидмуҳиддинов дар Интернет фаъол аст ва бештар дар бораи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон гузоришҳои интиқодӣ нашр мекунад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Кумитаи Норвежии Ҳелсинки ибрози нигаронӣ кардаанд, ки "бо амиқ шудани буҳрони ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мақомот фишорро ба аъзои оилаи мухолифон бештар кардаанд."

Ҳю Виллиамсон, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 4-уми декабр гуфт, "ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадаф қарор додани мухолифони сиёсӣ, фаъолон, вакилони мудофеъ, рӯзноманигорон ва наздикони мухолифони мусолиматомез озодии баёнро дар кишвар ба шиддат пахш кардааст."

Вай афзудааст, "мақомот бояд озор додани наздикони Саидмуҳиддиновро барои танқидҳояш фавран бас кунанд."

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта ҳамагуна фишор болои мунтақидонро рад кардаанд.

Фатҳуддин Саидмуҳиддинов аз соли 2016 дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо аст. Дар изҳороти созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ӯ яке аз ҷонибдорони ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ муаррифӣ шудааст. Вале ӯ моҳи декабри соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "на дар ватан ва на дар хориҷ узви ягон ҳизби сиёсӣ набудам. Узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳастам."

Саидмуҳиддинов моҳи декабри соли гузашта низ шикоят карда буд, ки кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона падараш Миноҷ Саидмуҳиддинов ва бародаронашро батакрор бозпурсӣ кардаанд.

Cафири Тоҷикистон дар Амрико иваз шуд. Фаррух Ҳамрализода ба ҷойи Фарҳод Салим

Фарҳод Салим

Бино ба тағйироти кадрие, ки рӯзи 4-уми декабр сурат гирифт, Фаррух Ҳамрализода аз мансаби раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон озод ва айни замон намояндаи расмии Душанбе дар Амрико таъйин шуд.

Фарҳод Салим, сафири пешини Тоҷикистонро дар Иёлоти Муттаҳида бо сабаби "ба кори дигар гузаштан" аз ин мақом гирифтаанд.

Дар ин бора рӯзи ҷумъа фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон содир шуд. Онро барои тасдиқ ба порлумон фиристоданд.

Фарҳод Салими 45-сола, писари Абдумаҷид Достиев, сафири пешини Тоҷикистон дар Русия, 15-уми майи соли 2014, чанд рӯз баъди барканор шудани падараш аз ин мақом, сафири Тоҷикистон дар Амрико таъйин гашт. Ӯ пештар дар сафорати Тоҷикистон дар Белгия ва Раёсати созмонҳои байнулмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ кор кардааст. Дар бораи мансаби нави ӯ иттилое нашр нашудааст.

Фаррух Ҳамрализода, ки ҳамакнун ба мансаби сафири Тоҷикистон дар Амрико расид, солҳо дар бахши иқтисоду сармоягузорӣ кор мекард. Ӯ 54-сола аст ва чанд давр раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ буд.

Ҳамчун мушовири иқтисодии президент, раиси Палатаи ҳисоб ва вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон низ фаъолият дошт.

Саъдӣ Қодирзода, ки дар гузашта раёсати Хадамоти зиддиинҳисориро ба уҳда дошт ва номаш дар авҷи боло бурдани нархи Интернет вирди забонҳо шуд, раиси нави Кумитаи давлатии сармоягузорӣ таъин гардид. Вай тайи моҳҳои ахир дар Дастгоҳи иҷроияи президент кор мекард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз оғози моҳи ноябр ба чанд тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои давлатӣ даст зад. Мухолифон мегӯянд, он бештар аз ҷойивазкунии кадрҳои куҳна иборат аст, ки парвардаи низоми ҳозира ҳастанд ва аз эҳтимол дур аст, ки ба ислоҳот дар соҳаҳои худ даст бизананд.

"Ихроҷ мешавед". Номаи таҳдидомези як донишгоҳи Русия ба донишҷӯёни тоҷик

Баъзе аз донишҷӯёни тоҷик дар моҳи ноябр аз мақомот хоста буданд, ки роҳи онҳоро ба Русия кушоянд

Масъулони Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Новосибирски Русия ба 10 донишҷӯ ва ординаторҳои тоҷик ҳушдор додаанд, ки агар ба зудӣ ба дарс ҳозир нашаванд, онҳоро аз донишгоҳ ихроҷ ё берун мекунанд. Донишҷӯёни тоҷик мегӯянд, барои ҳалли масъала ба Вазорати маориф ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Бино бар баста будани марзи Русия, дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи кору таҳсил ба он кишвар рафта наметавонанд. Танҳо он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бемор ҳастанд ё кӯдаконашон дар Русия бепарастор мондаанд, иҷозаи сафар ба он кишварро доранду бас.

Афзалшоҳ Дилмуродов, ординатори Донишгоҳи давлатии тиббии Новосибирск, рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "охири моҳи ноябр ба суроғаи электронии мо аз донишгоҳ мактуб омад. Дар он гуфта шудааст, ки ё таҳсилро ҳузурӣ идома медиҳед ё аз донишгоҳ ихроҷ мешавед."

Пештар мақомоти Тоҷикистон ва намояндагии расмии Русия дар Душанбе гуфта буданд, ки донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия онлайн ба таҳсил идома диҳанд.

Дилмуродов мегӯяд, ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикикистон ба донишгоҳи тиббии Новосибирск дохил шуд ва бинобар он ки ихтисосаш ҷарроҳӣ аст, таҳсили онлайн имкон надорад. "Мо ихтисоси ҷарроҳро интихоб кардем. Дарсҳои мо наметавонанд онлайн бошад, чун аксари онҳо амалӣ ҳастанд", - иброз дошт ӯ.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, маблағи таҳсилаш 171 ҳазор рубли русӣ, муодили беш аз ду ҳазор доллар аст ва то кунун ниме аз онро пардохтааст. Маъмурияти донишгоҳ, ба гуфтаи ӯ, дар мавриди донишҷӯ будан маълумотнома фиристодаанд, аммо бо ин санад наметавонад ба Русия сафар кардаву таҳсилашро идома диҳад.

Дар баробари Дилмуродов, донишҷӯён ва ординаторҳои дигари тоҷик бо чунин мушкил дучор омдаанд. Рӯзи 11-уми ноябри имсол гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русия, ки бо сабаби густариши коронавируси нав имкони рафтан ба он кишварро надоранд, дар назди бинои сафорати Русия дар Душанбе ва Вазорати корҳои хориҷӣ ҷамъ омаданд. Онҳо хоҳони ҳалли мушкили сафар ба Русия шуданд.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, 13-уми ноябр дар номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, нигаронии донишҷӯёнро дарк мекунад, аммо айни замон афзуд, агар онҳо дар Русия низ мебуданд, имкони иштирок дар дарсҳоро надоштанд. Чун, ба қавли сафир, бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши бемории коронавирус дар Русия низ таҳсили фосилавиро ба роҳ мондаанд.

Ба қавли дипломати баландпояи Русия, эҳтимоли аз байн бурдани маҳдудиятҳо аз беҳтар шудани вазъи беҳдоштӣ дар Русия ва кишварҳои дигар вобастааст.

Аммо донишҷӯён мегӯянд, маъмурияти донишгоҳҳо вазъи ба амаломадаро ба инобат намегиранд ва онҳо дар ростои хориҷ шудан аз донишгоҳ ва барбод рафтани як сол ва маблағи таҳсил қарор доранд.

Амрико шумори кормандони сафораташро дар Ироқ кам мекунад

Сафорати Амрико дар Ироқ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар пайи афзоиши танишҳо бо Эрон ва ҷангҷӯёни ироқӣ шуморе аз кормандони сафорати ин кишварро дар Бағдод кам мекунад.

Мэтю Тюллер, сафири Амрико дар Ироқ, рӯзи панҷшанбе баъд аз нашри гузоришҳо хабари коҳиши кормандони сафорати Амрикоро дар Бағдод барои муддати кӯтоҳ тасдиқ кард.

Ин иқдом дар ҳоле сурат мегирад, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, пеш аз интиқоли қудрат ба президенти мунтахаб Ҷо Байден фишорҳоро ба Эрон бештар кардааст.

Илова ба ин, дар пайи кушта шудани Муҳсин Фахризода, донишманди ҳастаӣ дар наздикии Теҳрон таниш дар минтақа афзоиш ёфтааст. Эрон дар ин ҳодиса Исроил ва ғайримустақим Иёлоти Муттаҳидаро гунаҳкор медонад.

Мақомоти Амрико ҳамчунин ибрози нигаронӣ кардаанд, мумкин аст дар аввалин солгарди ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнашини амрикоӣ, ки генерали баланпояи Эрон Қосим Сулаймониро ба қатл расонд, Эрон бо ниманизомиёни Ироқ иқдоми интиқомҷӯёна анҷом диҳад.

Ҳукумати Доналд Трамп моҳи сентябри имсол ба Ироқ ҳушдор дода буд, ки дар посух ба ҳамлаҳои батакрори мушакӣ ва ҳамлаҳои дигари ниманизомиёни мавриди пуштибонии Эрон ба манофеи Амрико ва муттаҳидонаш дар ин кишвар сафорати худро дар Бағдод хоҳад баст.

Байден аз амрикоиҳо мехоҳад 100 рӯз ниқоби тиббӣ пӯшанд

Ҷо Байден

Президенти мунтахаби Иёлоти Муттаҳида аз амрикоиҳо хоҳад хост, ки барои сад рӯзи аввали раёсати ҷумҳурияш ниқоби тиббӣ пӯшанд.

Ҷо Байден рӯзи 3-юми декабр дар аввалин мусоҳибаи муштарак бо Камола Ҳаррис, муовини раиси ҷумҳури мунтахаб, ба телевизиони CNN дар ин бора таъкид кард.

Ӯ дар ҷараёни муборизаҳои интихоботӣ борҳо хоҳони пӯшидани ниқоби тиббӣ шуда буд.

Байден ҳамчунин гуфтааст, мумкин аст, раиси ҷумҳур салоҳияти қонунии судури ҳукми сартосариро надошта бошад, аммо дар ҷойҳое, ки салоҳият дорад, аз ҷумла ҳавопаймоҳову мусофирбарҳо, дастури пӯшидани ниқобро содир хоҳад кард. Ширкатҳои ҳавонавардӣ, фурудгоҳҳо ва бисёре аз нақлиёти умумии Амрико аз қабл аз ниқоб истифода мекунанд.

Мақомоти соҳаи тандурустии Амрико мегӯянд, истифода аз ниқоб шахси солимро муҳофизат карда, барои пешгирӣ аз интиқоли вирус аз афроди олуда кумак мекунад.

Ҳизби ҳокими Гурҷистон аксар курсиҳои порлумонро соҳиб шуд. Мухолифон норозиянд

Тамар Жвания, раиси Комиссии марказии интихоботи Гурҷистон

Ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" дар интихоботи ахир аз 150 курсии порлумон 90 курсиро соҳиб шуд. Натиҷаи интихоботи порлумонии ахири Гурҷистонро, ки Комиссияи марказии интихоботии ин кишвр 3-юми декабр эълом кард, мухолифон қабул надоранд.

Мухолифони гурҷӣ бо баргузории гирдиҳамоиҳои эътирозӣ иддао доранд, ки дар ҷараёни шумориши овозҳо қонуншиканӣ сурат гирифтааст.

Ба огаҳии комиссия, 60 курсии мондаро ҳашт ҳизби мухолиф ба даст овардаанд, вале намояндагони аҳзоби мазкур мегӯянд, порлумони навро таҳрим хоҳанд кард.

Аъзои Комиссияи марказии интихоботии Гурҷистон гуфтанд, дар рафти шумориши ҳисобҳо тақаллубкорӣ сурат гирифт ва ба нишони эътироз ҷаласаро тарк карданд. Раиси комиссия Тамар Жвания гуфт, аъзои мухолифи ин ниҳод протоколи ниҳоиро имзо накарданд.

Ба гуфтаи вай, соли 2016 ин гуна ҳолат пеш омада буд, вале имзо нагузоштани мухолифон монеи фаъолияти порлумони нав нашуд.

Мухолифони Гурҷистон бо талаби истеъфои Жвания ва баргузории интихоботи нав тазоҳурот мекунанд. Гуфтугӯҳо миёни ҳукумат ва мухолифон бо миёнаравии Амрико ва Иттиҳоди Аврупо идома доранд.

Аз шарикони Қазоқистон хостанд, хатми фишор ба ҳомиёни ҳуқуқро талаб кунанд

Шаҳри Нурсултон

Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ аз шарикони байналхалқии Қазоқистон, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, хостанд, ки аз Нурсултон қатъи "тарсдиҳӣ, таъқиб ва фишор"-и созмонҳои маҳаллии ҳомии ҳуқуқро талаб кунанд.

Amnesty International, Front Line Defenders, Human Rights Watch (HRW) ва International Partnership for Human Rights (IPHR) дар изҳороте рӯзи 3-юми декабр навиштанд, мақомоти андоз ё молиёти Қазоқистон беш аз даҳ созмони ғайридавлатии маҳаллиро таъқиб карда, бо баҳонаҳои гуногун онҳоро ҷарима мебанданд. Дар изҳорот омадааст, мақомоти андоз бояд таъқибро қатъ ва ҷаримаҳоро бозхонд кунанд.

Ибтидои ҳафтаи ҷорӣ чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи маҳаллӣ гуфтанд, дар остонаи интихоботи порлумонӣ, ки қарор аст, моҳи январи соли 2021 баргузор шавад, мақомот тавассути ходимони андоз ба онҳо фишор меоранд.

"Ин гуна муносибат маънои ҳуҷум ба ҷомеа шаҳрвандиро дорад. Шояд ба хотири он ҳамла мешавад, ки аз назорати мардумӣ дар раванди интихобот пешгирӣ шавад", - омадааст дар изҳороти созмонҳои байналхалқӣ.

Санҷиши фаъолияти соҳибкоронро дар Қирғизистон то соли 2022 манъ карданд

Ҳукумати Қирғизистон 4-уми декабр иттилоъ дод, ки муҳлати мораторияи санҷиши фаъолияти соҳибкоронро то 1-уми январи соли 2022 дароз кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон, иҷрокунандаи вазифаҳои нахуствазир ва муовини аввали нахуствазир Артем Новиков дар ин бора санадеро ба имзо расондааст.

Манбаъ гуфтааст, ҳадафи қарор ҳавасмандгардонии соҳибкорон дар шароити пандемияи коронавирус аст. Мораторияи ҳозира аз 1-уми январи соли 2019 то 1-уми январи соли 2021 муайян шуда буд.

Мораторияе, ки соли 2019 дар Қирғизистон эълом шуд, ба санҷиши соҳибкорон аз тарафи

  • Бунёди иҷтимоӣ,
  • Оҷонси давлатии зиддиинҳисорӣ,
  • Оҷонси давлатии танзими комплекси сӯзишворию энергетикӣ,
  • Оҷонси давлатии танзим ва назорати бозори молӣ,
  • Нозироти давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарӣ,
  • Нозироти давлатии бехатарии зистмуҳитӣ ва техникӣ,
  • Департаменти филизҳои қиматбаҳои назди Вазорати молия,
  • Департаменти таъминоти доруворӣ ва техникаҳои тиббии назди Вазорати тандурустӣ,
  • Раёсати пешгирии бемориҳо ва назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ,
  • Раёсати танзим ва назорати истеҳсолу гардиши маҳсулоти спиртии назди Вазорати кишоварзии Қирғизистон дахл дорад.

Донишҷӯёни узбек баъди бозгашт аз кишварҳои ҳамсоя саргардон шудаанд

Назди Донишгоҳи Самарқанд

Ҳазорҳо донишҷӯ, ки бо дастури Вазорати маорифи Узбекистон моҳи феврали имсол аз донишгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя барои идомаи таҳсил ба ватан баргаштанд, бо гузашти 9 моҳ наметавонанд, ба донишгоҳҳои Узбекистон дохил шаванд.

Донишҷӯён аз вилоятҳои Ҷиззах, Хоразм ва Самарқанд мегӯянд, бо ин ки нимаи аввали соли нави хониш тамом мешавад, ҳанӯз фармони дохилшавии онҳо содир нашудааст.

Донишгоҳҳо мегӯянд, сабаби содир нашудани фармон пешниҳод нашудани нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои донишҷӯён аст. Баъзе аз донишгоҳҳои Узбекистон талаб доранд, ки донишҷӯён аз донишгоҳҳои ҳамсоякишварҳо нусхаи аслии ҳуҷҷатҳоеро биоранд, ки таҳсил доштани онҳоро тасдиқ кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки марзҳо бастаанд ва рафтуо байни кишварҳо номумкин.

Пештар ҳукумати Узбекистон ваъда дода буд, ки ҳангоми баргаштани донишҷӯён аз ҳамсоякишварҳо талаботи сангине ҷорӣ нахоҳад кард.

Баҳодур, донишҷӯе аз вилояти Ҷиззах аст, ки соли гузашта ба донишгоҳи шаҳри Чимкенти Қазоқистон шомил шуд. Моҳи феврали соли ҷорӣ бо фармони вазири маорифи Узбекистон Чимкентро тарк ва ба Узбекистон баргашт ва дар Донишкадаи политехникии Ҷиззах ҳуҷҷат супорид.

Ба гуфтаи Баҳодур, аз вай талаб доранд, ки то 15 декабр аз донишгоҳи Чимкент ҳуҷҷат биорад.

Дар фармони донишкада омадааст, дар сурати пешниҳод накардани ҳуҷҷат ба донишкада қабул нахоҳад шуд. Дар минтақаҳои дигари Узбекистон низ ҳамин ҳолат ҳукмфармо аст.

Вазорати маорифи Узбекистон гуфт, ки то моҳи феврали соли 2020 бештар аз 35 ҳазор ҷавон аз Узбекистон дар донишгоҳҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон таҳсил мекарданд. Баъди фармони вазорати маорифи Узбекистон дар моҳи феврал ҳазорон донишҷӯ ин донишгоҳҳоро тарк ва ба Узбекистон баргаштанд.

Муборизаҳои як қазоқистонӣ зидди фасодкорӣ қадр шуд

LOGO -- Transparency International

Ботакоз Копбоеваи қазоқистонӣ барандаи ҷоизаи мубориза бо фасод дар соли 2020 (Anti-Corruption Award 2020) шуд, ки ин ҷоизаро созмони байналхалқии зидди фасоди "Транспаренси Интернешнл" ташкил кардааст.

Созмон мегӯяд, Копбоева ба хотири "ҷасорат ва мардонагиаш" бо ҷоиза қадрдонӣ шудааст.

"Тасмими вай дар мубориза зидди фасодкорӣ дигаронро руҳбаланд месозад", - хабар медиҳад "Транспаренси Интернешнл".

Копбоева соли 2017 дар як тарҳи масоили моливу иқтисодии Консерваторияи миллии Қазоқистон дар шаҳри Алмато фаъолият мекард. Моҳи июни соли 2018 хабар расид, ки муҳосиботи консерватория ба камбуди молӣ роҳ додааст. Ба ин баҳона Копбоева аз мақомаш ронда шуд. Аммо вай баъдтар тавассути додгоҳ дар мақомаш барқарор гардид.

Моҳи майи соли 2019 додгоҳ муҳосиби пешини консерваторияро бо айби исрофкорӣ 8 сол зиндон кард.

Дар изҳороти "Транспаренси Интернешнл" омадааст, ки сарфи назар аз "маъракаи тарсдиҳӣ" Копбоева "фасоди молӣ ва ғорати маблағҳое ошкор кард, ки барои стипендияи донишҷӯён равона шуда буданд".

Сафири ИМА дар Қирғизистон пешниҳоди кӯмак дар тафтишот ва таъқиби додгоҳии ҷиноятҳои созмонёфта кард

Доналд Лу, сафири Амрико дар Қирғизистон.

Доналд Лу, сафири ИМА дар Қирғизистон ба таври маҷозӣ бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев мулоқот ва ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодиро баррасӣ кард. Дар ин бора аз сафорати ИМА дар Қирғизистон хабар доданд.

"Доналд Лу пешниҳод кард, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ИМА омадаанд, дар тафтишот ва таъқиби додгоҳии ҷиноятҳои созмонёфта кӯмак расонанд", - омадааст дар хабари сафорати ИМА.

Доналд Лу ҳамчунин гуфтааст, ки ИМА аз пешниҳоди тамдиди муҳлати баррасии тағйирот ба Конститутсияи Қирғизистон истиқбод мекунад.

Дар ин мулоқот вазири корҳои хориҷии Қирғизистон бо сафири ИМА дар бораи ҳамкориҳо дар бахши пешгирӣ аз фасодкорӣ суҳбат кардааст.

Трамп бори дигар иддао кард, ки "дар интихобот тақаллуб шудааст"

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, шаби дувуми декабр дар Фейсбук як навори 46-дақиқаӣ нашр кард ва дар он бори дигар иддаои беасосашро дар мавриди тақаллуб дар интихоботи президентии моҳи гузашта баён дошт. Вай дар ин видео гуфт, Додгоҳи олии Амрико бояд он чиро, ки барои Иёлоти Муттаҳида муносиб аст, анҷом бидиҳад ва натиҷаҳои интихоботро бекор кунад. Трамп натиҷаҳои интихоботеро, ки Ҷо Байден аз Ҳизби демократ баранда шудааст, зери суол қарор дод. Вай бо вуҷуди он ки аъзои идораи худаш ба такрор гуфтаанд, нишонаҳое вуҷуд надорад, ки дар интихобот тақаллуби густарда шуда бошад, интихоботро тақаллубӣ хонд. Рӯзи якуми декабр Вилям Барр, вазири адлия ва Додситони кулли Амрико, гуфт, санаде аз тақаллуби густурда, ки битавонад натиҷаи интихоботро тағйир диҳад, ба даст наоварданд. Интихоботи президентии Амрико рӯзи 3-юми ноябри имсол баргузор шуд.

Писари Бобоҷон Бобохонов сардори яке аз шуъбаҳои Додситонии кул таъин шуд

Бобоҷон Бобохонов даҳ сол додситони кулли Тоҷикистон буд

Фирӯз Бобохонов, писари Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли собиқи Тоҷикистон, сардори яке аз шуъбаҳои ин ниҳод таъин шудааст. Як манбаъ дар мақомоти Тоҷикистон рӯзи 3-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯро масъули назорати иҷрои қонунҳо дар Муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузоштанд".

Фирӯз Бобохонов ёздаҳ сол собиқаи корӣ дорад. Пештар дар Додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои Додситонии кул ҳамчун муфаттиш кор кардааст.

Бобоҷон Бобохонов соли 2010 аз мансаби додситони кулли Тоҷикистон барканор шуд ва дар даҳ соли ахир ҳеч мансабе нагирифт. Вай соли 2018 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бознишаста аст.

Пас аз барканории ӯ, писараш Файзулло Бобохонов, додситони пешини Ҳисорро боздошт ва ба ҳафт соли зиндон маҳкум карданд. Вай соли 2013 озод шуд, аммо дастикам то соли 2018 "бекор буд".

Бобоҷон Бобохоновро танҳо нафаре дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон медонистанд, ки ду навбат панҷсолӣ раёсати Додситонии кулро ба уҳда дошт. Шахсони пеш аз ӯ дар ин мақом натавониста буданд, як навбати панҷсолиро ҳам ба анҷом расонанд.

Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҳозираи Тоҷикистон, як давраи панҷсолии корашро ба итмом расонда, моҳи январи имсол бо ризояти аъзои порлумон давраи дувуми раҳбарияшро шуруъ кард.

Давраи роҳбарии Бобоҷон Бобохонов дар Додситонии кулли Тоҷикистон бо парвандаҳои пурсарусадое, аз ҷумла алайҳи Абдуҷалил Ҳомидов, раиси собиқи вилояти Суғд, Ёқуб Салимов, вазири собиқи умури дохилӣ, Ғаффор Мирзоев, раиси пешини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси собиқи Ҳизби демократ дар ёдҳо хоҳад монд.

Ҳамаи номбаршудагон ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда, баъзе аз онҳо баъди адои давраи ҷазо озод ва баъзеи дигар дар маҳбас фавтидаанд. Бахши дигар давраи ҷазоро дар зиндон мегузаронанд, ҳарчанд бо тафтиши парвандаашон ва ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.

Амрико фишорҳои иқтисодиро болои Чин бештар кард

Шинҷон

Амрико фишорҳои иқтисодии худро ба Чин, ба хотири он чӣ бадрафторӣ бо уйғурҳо ва гуруҳҳои дигари мусулмон мехонад, бештар кард. Чин ҳамагуна бадрафториро бо уйғурҳо рад кардааст.

Идораи федеролии гумрук ва ҳифзи сарҳадҳои Амрико рӯзи 2-юми декабр гуфт, бастаҳои пахтаи Чинро, ки дар минтақаи Шинҷон ва аз тарафи уйғурҳои мусулмон омода мешаванд, бозмедорад.

Ин иқдом ба зидди Xinjiang Production and Construction Corps (XPCC), ширкати вобаста ба артиши Чин аст, ки ҳудуди 30 дарсади пахтаи Чин ва тақрибан шаш дарсади пахтаи саросари ҷаҳонро тавлид мекунад.

Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, ин ширкат мусулмонони уйғурро ба кор маҷбур мекунад. Ин ширкати шашум аст, ки маҳсулоти он аз сӯйи Амрико ба далели кори маҷбурӣ дар Шинҷон мамнуъ мешавад.

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, кори маҷбурӣ нақзи ошкорои ҳуқуқи башар аст, ки ба коргарон осеби ҷиддӣ мерасонад ва рақобати ноодилонаро дар ҷаҳон ба бор меорад.

Бритониё истифода аз ваксинаи зидди COVID-19-ро иҷоза дод

Акс аз бойгонӣ

Бритониё кишвари аввалине шуд, ки барои истифода аз ваксинаи зидди коронавирус иҷозат дод. Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, рӯзи 2-юми декабр гуфт, ваксинаи сохтаи Pfizer ва BioNTech аз ҳафтаи оянда дастраси умум хоҳад шуд.

Вай ин иқдомро "фавқулода" ва қадами аввал барои бозгашт ба зиндагии одӣ номид. Ширкати Pfizer дар Амрико ва BioNTech дар Олмон ҷойгиранд.

Ин ду ширкат ҳам аз ин тасмим ситоиш карданд, ки заминаи татбиқи ваксинаи зидди коронавирусро нисбат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Амрико нахуст дар Бритониё муҳайё месозад. Алберт Бурла, мудири Pfizer иқдоми Бритониёро як лаҳзаи таърихӣ хонд.

Ӯ гуфт, ширкат талош мекунад, ҳарчи зуд як ваксинаи дорои сифати баландро ба ҷаҳониён дастрас кунад.

Pfizer, BioNTech ва ширкати амрикоии Moderna бо пешниҳоди ёфтаҳои аввалии худ аз 90 дарсад муассар ё коромад будани ваксинаҳо гузориш доданд.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонси назорати дору дар Аврупо, ки тасдиқи ваксинаро ба дӯш дорад, рӯзи сешанбе гуфт, то охири моҳи декабри имсол дар бораи истифода аз ваксинаи сохтаи Pfizer ва BioNTech тасмим хоҳад гирифт.

Омори беморон ва ҷонбохтагон аз коронавирус дар Амрико афзудааст

Акс аз бойгонӣ

Сабти шумораи беморони коронавируси нав дар рӯзи 2-юми декабр дар Амрико бесобиқа буд ва ин кори маъмурони шифохонаву кормандони тибро бештар кард.

Дар ҳоли ҳозир дар бемористонҳои Амрико зиёда аз 100 ҳазор мубталои коронавируси нав бистарӣ ҳастанд. Рӯзи чаҳоршанбе 2773 бемор ҷони худро аз даст доданд.

Рӯзона беш аз 200 ҳазор кас дар Амрико ба коронавирус мубтало мешаванд ва дар маҷмуъ дар як ҳафта ин рақам ба 1 миллион мерасад.

Роберт Редфилд, раиси Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятии Амрико, тахмин задааст, ки мумкин аст дар рӯзҳои оянда вазъ аз ин ҳам бадтар шавад. Вай афзудааст, воқеият ин аст, ки моҳҳои декабр, январ ва феврал дар Амрико душвор хоҳанд буд.

Аз оғози пандемия то кунун дар Амрико беш аз 13 миллиону 900 ҳазор кас бемор шуда, зиёда аз 273 ҳазор кас ҷони худро аз даст додаанд. Тақрибан нӯҳ миллион нафар шифо ёфтаанд.

HRW: Бо асирони арманӣ дар Озарбойҷон "бархӯрди ғайриинсонӣ мекунанд"

Шаҳри Лочин дар Қаробоғи Кӯҳӣ. 1-уми декабри 2020

Human Rights Watch (Дидбони Ҳуқуқи Башар) гуфт, сарбозони арманиасл, ки дар ҷангҳои ахир дар Қаробоғи Кӯҳӣ асир афтодаанд, дар бисёре аз мавридҳо аз сӯйи сарбозони озарӣ бо бархӯрди ғайриинсонӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Созмон мегӯяд, онҳоро латукӯбу тавҳин мекунанд. Гузориш рӯзи 2-юми декабр нашр шуд.

Ин созмони ҳомии ҳуқуқи инсон навишт, дар видеоҳои гуногуне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, дида мешавад, сарбозони озарӣ асирони ҳарбии арманиро бо мушту лагад мезананд.

Дар бисёре аз наворҳо асирони ҳарбии арманӣ маҷбур шудаанд, ба корҳое даст бизананд, ки тавҳин шумурда мешавад.

Онҳо маҷбур мешаванд, парчами Озарбойҷонро бибӯсанд, аз Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ситоиш кунанд ва ба Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дашном додаву эълон кунанд, ки Қаробоғи Кӯҳӣ ба Боку тааллуқ дорад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз даҳҳо навори нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ 14 видеоро дақиқ баррасӣ намудааст. Созмон мегӯяд, ҳамчунин бо пайвандони асирон суҳбат кард.

Дар Фарғонаи Узбекистон баъди занозанӣ дар бозии футбол 6 касро боздошт карданд

Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 1 декабр дар варзишгоҳи "Истиқлол"-и Фарғонаи Узбекистон ҳангоми бозии футбол миёни дастаҳои "Турон" ва "Нафтчӣ" миёни бозигарону мухлисон занозанӣ сар зад.

Дар натиҷа 6 кас боздошт шуд. Дар ин бора рӯзи 2 декабр мақомоти интизомии вилояти Фарғонаи Узбекистон хабар доданд.

Шаш боздоштшуда бар асоси моддаи авбошӣ ҳангоми бетартибии оммавӣ айбдор мешаванд.

Ба ҷуз шаш тан, 5 каси дигар ҳабси маъмурӣ шудаанд.

Мақомоти пулиси Узбекистон гуфтаанд, ки ҷузъиёти бештари ҳодисар баъдтар хабар хоҳанд дод.

Аз беморхонаи нави сироятии Алмато беморонро фавран мекӯчонанд

Яке аз бемористонҳои Қазоқистон.

Баҳсҳо атрофи бунёди бемористони шаҳри Алматои Қазоқистон барои табобати мубталоёни коронавирус то рафт тундтар мешаванд. Ин бемористон бо 5 миллиард ё ҳудуди 12 миллион доллари пули буҷаи давлат бунёд шудааст.

Беморон пештар гуфта буданд, беморхонае, ки бо пули ҳангуфти буҷа бунёд шудааст, низоми гармидиҳӣ надорад ва эҳтимол дорад, рӯзҳои наздик баста шавад. Раҳбарияти беморхона дар пайи ин интиқодҳо нишасти хабариеро баргузор кард.

Дар пайи нашри шикояти беморон аз утоқҳои сарди беморхона мақомот интиқоли онҳоро ба беморхонаи нави дигари касалиҳои сироятӣ оғоз карданд. Вале ин хабарро табибони беморхона қисман тасдиқ мекунанд. Табибон мегӯянд, интиқоли беморон оғоз шудааст, вале на ба хотири сардӣ. Ба гуфтаи онҳо, гӯё беморонро ба хотири безараргардонии утоқҳои беморхона ба дигар ҷо мекӯчонанд.

Беморхонаи мазкурро моҳи апрели соли равон дар авҷи пандемияи коронавирус бо харҷи 5 млрд танга бунёд карданд.

Дар Туркманистон мубталошавии мактабхонҳо ба коронавирус афзоиш ёфтааст

Ишқобод, пойтахти Туркманистон, моҳи октябри соли 2020

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар бораи ҳолатҳои дақиқи олудашавии сокинони шаҳри Ишқобод ба коронавирус хабар медиҳад. Ба маълумоти хабарнигор, баъзе аз хонандаҳоро аз дарс рост ба бемористон мебаранд.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирус дар миёни хонандагони мактабҳои чанд ноҳияи пойтахти Туркманистон дида мешаванд.

Чанде пеш як хонандаи мактаби рақами 32-и Ишқободро аз дарс рост ба беморхона фиристодаанд. Таби хонанда якбора баланд шуда, эҳсоси нафастангӣ ва сулфа кардааст.

Бистарӣ шудани хонандагони мактабҳои миёна бо нишонаҳои ҳамсон дар ноҳияҳои дигари Ишқобод низ дида мешаванд. Аз ҷумла, ду хонандаи мактаби рақами 42-и маҳаллаи 11-и Ишқобод ба коронавирус олудашуда, акнун дар бемористон мебошанд.

Кӯшишҳо барои дарёфти фикри мақомдорон, аз ҷумла бахши маориф ва тандурустии Ишқобод доир ба олудашудани хонандагон ба коронавирус то ҳол бенатиҷа буданд.

Мақомоти Туркманистон ҳанӯз ҳам даъво доранд, ки дар ин кишвар ягон кас ба коронавирус гирифтор нашудааст. Вале хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ 18-уми ноябри имсол хабар дод, ки хонандагони мактаби рақами 15-и Ишқобод ба коронавирус гирифтор шудаанд ва бино бар ин назорати риояи пӯшидани ниқоби тиббӣ сахттар карда шудааст.

Дабири кулли СММ: "40 млн нафар дар ҷаҳон қурбонии ғуломдории муосир ҳастанд"

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, набояд тасаввур кард, ки ғуломдорӣ ё бардадорӣ марбут ба замони гузашта аст, балки дар ҳоли ҳозир 40 миллион нафар дар ҷаҳон қурбонии ғуломдории муосир ҳастанд.

Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми декабр бо нашри як паём дар "Твиттер" гуфт, ғуломдории муосир воқеияте аст, ки набояд ҷаҳон нисбат ба он бетараф бошад.

Ӯ афзуд, беш аз 40 миллион нафар, шомили 25 миллион инсоне, ки водор ба кори маҷбурӣ шудаанд ва 15 миллион нафаре, ки ба зӯр издивоҷ кардаанд, қурбонии ғуломдории муосир ҳастанд. Антонио Гуттериш афзуд, "71 дарсади қурбониёни ғуломдории муосир занон ва духтарон ҳастанд".

Ба гуфтаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, бахши бузурги ин афрод аз табақаи фақир, махсусан ақалиятҳо, паноҳҷӯён ва кӯдакони коргар ҳастанд. Ҳамчунин дар ин гузориши дабири кулли СММ гуфта мешавад, ки қурбониёни қочоқи инсон ва тиҷорати ҷинсӣ, шомили ин гурӯҳ мешаванд.

Вай ҳамчунин аз истифодаи кӯдакон дар ҷангҳо изҳори нигаронӣ кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки барои ҳимоят аз ин афрод талош кунанд.

Муҳоҷирати зиёди корӣ, марду зан ва кӯдаконро ҳам ҳарчӣ бештар дар баробари истисмору сӯистифода ва аз ҷумла истисмори ҷинсӣ осебпазир кардааст.

Дабири куллии Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои узв, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ тақозо кардааст, ки барои аз байн бурдани ин падида талошҳои муштарак анҷом диҳанд.

Тоҷикистон дар гузашта барои муқовимат бо қочоқи инсон ҷазоҳои сахт таъйин карда буд. Масалан бар тибқи моддаи 101-уми Кодекси ҷиноӣ барои истисмори ҷинсӣ ва истисмори меҳнатӣ дар Тоҷикистон 15-соли зиндон ҷазо таъйин шудааст.

Ҳамчунин дар Тоҷикистон махсус барои "ғуломдорӣ" ҷазо таъйин кардаанд ва ҳам барои порнографияи кӯдакона. Солҳои гузашта дар Тоҷикистон чандин парвандаи ҷиноятӣ дар робита қочоқи инсон боз шуда, чанд нафар барои "ҷалби одамон" барои истисмор", зиндонӣ шуда буданд.

Ваксинаи русии зидди COVID-19 дар СММ муаррифӣ шуд

Дар Русия то ин замон бештар аз 100 ҳазор одамро ваксинаи зидди COVID-19 задаанд. Дар ин бора вазири тандурустии он кишвар Михаил Мурашко дар ҷаласаи махсуси Маҷмаи умумии СММ хабар дод.

Сокинони Русия ваксинаи "Спутник V" гирифтаанд. Ин нахустин ваксинае аст, ки дар Русия сабт шудааст. Рӯзи 2 декабр дар СММ муаррифии ваксинаи мазкур баргузор шуд. "Иттилои ҷамъоварда далолат мекунад, ки гирифтани ваксинаи "Спутник V" афзоиши подтан ва масуниятро ба бор меорад", - гуфт Мурашко.

Кирилл Дмитриев, раиси Бунёди русии сармоягузориҳои мустақил дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ гуфт, ки бештар аз 40 кишвар ба миқдори зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион вояи ваксинаи "Спутник V" фармоиш додаанд. Дмитриев гуфт, қарор аст, дар моҳи декабр Русия барои фармоишҳои хориҷӣ 2 миллион воя истеҳсол кунад.

Владимир Путин, президенти Русия пештар хабар дод, ки шуруъ аз ҳафтаи оянда дар Русия ваксиназании умумӣ оғоз мегардад.

Ба мансадорони Узбекистон тавсия доданд, дар ҳафта як бор дучархасаворӣ кунанд

Акс аз бойгонӣ.

Сар аз 1 декабри соли ҷорӣ ба ҳамаи мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои Узбекистон, ҳамчунин ба раисони вилоятҳо ва вакилон тавсия доданд, ки на камтар аз 1 маротиба дар ҳафта то коргоҳ бидуни мошин рафту омад кунанд ва ба ин тартиб "намунаи ибрат шаванд".

Ин тавсия дар қарори ҳукумати он кишвар "Дар бораи чораҳои иловагии пуштибонӣ аз тарзи ҳаёти солим ва боло бурдани ҳаракати физикӣ" шомил шудааст.

Бино ба қарори мазкур, 22 сентябри ҳар сол дар саросари Узбекистон "Рӯзи бидуни мошин" унвон шудааст.

Ба ҷуз ин, шуруъ аз 1 апрели соли 2021 дар шаҳракҳо, деҳаҳо, ноҳия ва шаҳрҳои Узбекистон барои пиёдагардон ва дучархасаворон "Долонҳои сиҳатӣ" сохта мешавад.

Қазоқистон ваксинаи зидди коронавирус истеҳсол мекунад

Акс аз бойгонӣ.

Дар вилояти Ҷамбили Қазоқистон бо харҷи 7 миллиард танга (16,5 млн доллар) корхонаи истеҳсоли ваксинаи қазоқии зидди коронавирус бунёд карда мешавад. Мақомоти қазоқ мегӯянд, истеҳсоли ваксина моҳи марти соли оянда оғоз мешавад.

"То охири соли равон тамоми корҳои сохтмонӣ ба поён мерасад. Моҳҳои январу феврали соли 2021 васлкунии таҷҳизотҳо анҷом хоҳад шуд. Тибқи нақша, моҳи марти соли оянда, ки қарор аст марҳалаи севуми санҷиши клиникӣ ба поён бирасад, истеҳсоли ваксина оғоз мешавад", - изҳор дошт раиси вилояти Ҷамбил Бердибек Сапарбоев.

Барои кормандони пажӯҳишгоҳи миллии таҳқиқи мушкилоти амнияти биологии Қазоқистон, ки дар корхона кор хоҳанд кард, хона месозанд.

Дар ин корхона 65 нафар кор хоҳанд кард.

Сохтмони корхонаи истеҳсоли ваксина, аз ҷумла зидди коронавирус дар ноҳияи Кордайи Ҷамбил моҳи июни соли равон оғоз шуда буд. Ба гуфтаи раиси Ҷамбил, корхона бо наздики 7 миллиард танга бунёд мешавад. Он солона аз 30 то 60 миллион моя ваксина истеҳсол мекунад. Ваксинаи истеҳсолии ин корхона дар баробари коронавирус зидди зукоми паранда ва бемориҳои дигари сироятӣ низ истифода хоҳад шуд.

Путин аз роҳбарони СПАД даъват кард, сарвазири Арманистонро пуштибонӣ кунанд

Владимир Путин ва Никол Пашинян.

Владимир Путин, президенти Русия аз роҳбарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) даъват кард, ки сарвазири Арманистон Никол Пашинянро пуштибонӣ кунанд.

Путин дар ин бора рӯзи 2 декабр дар ҷараёни саммити СПАД изҳори назар кард, ки тариқи онлайн баргузор шуд. Путин дар шарҳи имзои созишномаи оташбас миёни Озарбойҷон ва Арманистон гуфт, ки сарвазири Арманистон маҷбур шуд, ин созишномаро имзо кунад.

Мухолифон дар Арманистон ин тасмими Пашинянро ҳамчун хиёнат ба манфиатҳои кишвар унвон карданд. Баъди имзои созишномаи сеҷониба дар нимаи аввали моҳи ноябр дар Арманистон сокинон ба кӯчаҳо рехта, истеъфои Пашинянро талаб карданд.

Ба ҷуз аз Русия ва Арманистон Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви СПАД ҳастанд. Аъзои СПАД вазифадор ҳастанд, ки тамомияти арзӣ ва истиқлоли аъзои дигари созмонро ҳимоят кунанд.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябри соли равон якбора шиддат гирифта буд. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ гашт. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом карданд.

Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қарабоғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG