Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Қирғизистон имрӯз, 19-уми феврал, тарҳи басташавии пойгоҳи низомии Амрико дар «Манас»-ро тасвиб кард.

Аз 87 узви порлумони ин кишвар дар ҷаласаи имрӯза 78 нафар, ки аксаран намояндагони ҳизби раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев будаанд, ба ҷонибдории ин тарҳ овоз додаанд.

Акнун нерӯҳои низомии ИМА дар зарфи аз се то шаш моҳ бояд фурудгоҳи «Манас»-ро тарк кунанд.

Пойгоҳи низомии Амрико дар фурудгоҳи «Манас»-и шаҳри Бишкек аз соли 2001 барои таъмини нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон асосан бо лавозимоти ғайринизомӣ фаъолият мекунад.

Ахиран раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ҳини дидор аз Маскав ва мулоқот бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев дар бораи тасмими ин кишвар барои бастани пойгоҳи «Манас» эълон кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG