Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафт камтар аз 35 доллар шуд


Имрӯз қимати ҳар бушка нафти хом бо арзиши камтар аз 35 доллари амрикоӣ фурӯхта мешуд. Пастравии қимати тиллои сиёҳ бо амиқрафти бӯҳрони иқтисодӣ вобаста аст. Дар бозори Осиё қимати нафт имрӯз бо 34,65 доллар ба фурӯш мерафт. Бонки марказии Амрико пешгӯӣ кард, ки иқтисоди Иёлоти Муттаҳида, бузургтарин масрафкунандаи захираҳои энержӣ дар ҷаҳон имсол дар ҳудуди 0,5 то 1,3 дар сад коҳиш ёфта ва мизони бекорӣ дар ҳудуди беш аз 8,5 дар сад афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG