Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон боз аз IMF қарз мегирад


Сандуқи Байналмилалии Пул эълом кард, ки дар мавриди ихтисоси қарзи 120 миллиондолларӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ба созиши пешакӣ расидааст. Аксел Шиммелпфеннинг - раҳбари ҳайъати Сандуқи Байналмилалии Пул, дирӯз дар шаҳри Душанбе гуфт, қарзи нав дар зарфи се сол дар ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд. Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои дунё аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ранҷ мекашад ва чанде пеш Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо ҳушдор дод, ки Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи суқут ва ё нокомӣ қадам мезанад.
XS
SM
MD
LG