Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳомоти нав ба зидди Радован Караҷич


Додгоҳи байналмилалии расидагӣ ба ҷиноятҳои ҷангӣ дар Югославияи собиқ мегӯяд, Радован Караҷич - раҳбари пешини сербҳои боснӣ на аз рӯи як, балки ду иттиҳоми наслкушӣ муҳокима хоҳад шуд. Дар маҷмӯъ Радован Караҷичро, ки замони ҷанги Югославия фармондеҳи нерӯҳои сербҳои боснӣ буд, ба иртикоби 11 ҷиноят муттаҳам мекунанд. Акнун додгоҳи Созмони Милал қароргоҳаш дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд Радован Караҷичро барои ҷиноятҳояш дар солҳои 1992 дар Босния ва қатли оми мардону ҷавонони мусулмон дар Сребренитса муҳокима мекунад. Раҳбари 63- солаи пешини сербҳои босниро баъди сенздаҳ соли гурез аз додгоҳ, моҳи июли соли 2008 дар дохили автобусе дар шаҳри Белград пойтахти Сербистон боздошт карданд.
XS
SM
MD
LG