Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 сол баъди хуруҷи артиши Шӯравӣ аз Афғонистон


Дар Афғонистон маросимҳое ба ифтихори берун шудани артиши шӯравӣ аз хоки ин кишвар дар соли 1989 ҷараён дорад. 20 соли пеш 15 феврал баъди ишғоли Афғонистон охирин тонкҳои шӯравӣ хоки ин кишварро тарк карданд. Дар Афғонистон рӯзи хуруҷи нирӯҳо ҳамчун рӯзи ҷашни миллӣ таҷлил мешавад. Вазорати дифои Афғонистон соли ҷорӣ изҳороте пахш карда аз қаҳрамониву шаҳодати милёнҳо ҳамватанон дар рӯйдодҳои он солҳо ситоиш кард. Тибқи ҳисобҳои расмӣ, дар тӯли солҳои 1979-1989 - 1,5 миллион шаҳрванди Афғонистон, аз ҷумла мардуми осоиштаву чирикиҳо ва аз ҷониби артиши Шӯравӣ 15 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар Тоҷикистон шумори қурбониҳои ҷанг дар Афғонистонро 350 нафар арзёбӣ мекунанд. Куллан тибқи омор аз Тоҷикистон дар даҳ соли ҷанг 15 ҳазор нафар барои ба истилоҳ иҷрои қарзи интернатсионалии худ ба Афғонистон рафтаанд.
Рӯзи якшанбе дар пойтахти Тоҷикистон гурӯҳе аз ширкатдорони ҷанги Афғонистон дар пояи пайкараи Александр Мироненко гул гузошта як маросими ёдоварӣ аз қурбониҳои ҷангро баргузор карданд. Ва баъдан, назар ба иттилои Итар-Тасс, дар театри драмавии ба номи Маяковский нишасте бо ширкати собиқадорони ҷанги Афғонистон ва афсарони пойгоҳи низомии 201-уми Русия баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG