Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз куштори Ҳарирӣ чаҳор сол гузашт


Ҳазорҳо сокинони Лубнон рӯзи шанбе барои гиромидошти хотири нахуствазири чаҳор соли пеш терроршуда Рафиқ Ҳарирӣ ба хиёбонҳо рехтанд. Раҳпаймоии мардум дар Бейрут дар ҳалқаи сахти амниятӣ ҷараён гирифт. Ҳарирӣ рӯзи 14 феврали соли 2005, ҳамроҳ бо 20 нафари дигар бар асари таркиши бомбае ба ҳалокат расид. Мунаққидон дафъатан Сурия ва муттафиқони он дар Лубнонро барои куштори сиёсатмадори маъруф муттаҳам карданд. Сурия ин иттиҳомотро пайваста рад кардааст.
XS
SM
MD
LG