Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯшиши Ҳ. Чавез барои тамдиди мансабаш


Ҳуго Чавез - Бо ҳар роҳ бояд дар сари қудрат монд!
Ҳуго Чавез - Бо ҳар роҳ бояд дар сари қудрат монд!

Ҳуго Чавез, раисҷумҳури Венесуэла, мехоҳад аз тариқи раъйпурсии 15-уми феврал маҳдудиятҳо дар роҳи баъд аз соли 2012-ум дар мақом боқӣ монданашро аз байн бубарад.

«Не ва боз ҳам не» – ин шиори бузург дар тазоҳуроти мухолифони баргузории раъйпурсии такрорӣ дар Каракас, пойтахти Венесуэла, баёнгари он аст, ки ҳазорон сокинони кишвар аз тамдиди муҳлати раёсати ҷумҳурии Ҳуго Чавез баъд аз соли 2012 пуштибонӣ намекунанд.

Ва аммо Ҳуго Чавез ва ҷонибдоронаш ин гуна шиорҳоро нодида мегиранд. Бланка Ехаут, мушовири Чавес, мегӯяд, ки райъпурсии феълӣ аз ҳамин гуна маъракаи ду соли пеш тафовути зиёд дорад ва онҳо пирӯз хоҳанд шуд, зеро, ба бовари ӯ, ҳизби онҳо акнун як ҳизби муттаҳид аст.

Дар ин раъйпурсӣ сокинони Венесуэла ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ овоз хоҳанд дод, ки тибқи онҳо Ҳуго Чавез баъди хатми даври дувуми раёсатҷумҳурияш низ имкони ширкат дар интихоботи президентиро хоҳад дошт. Айни ҳол, тибқи Қонуни асосии Венесуэла, як фард фақат барои барои ду муҳлат метавонад раисҷумҳури кишвар интихоб шавад.

Ҳуго Чавез 10 сол боз сарварии Венесуэларо бар дӯш дорад. Барои бароварда сохтани ормонҳои инқилоби сотсиалистӣ дар ин кишвари бой аз захоири нафт, мегӯяд Чавес, ба фурсати бештар ниёз дорад.

Тибқи хабарҳо аз Каракас, мақомот маъракаи густардаи тарғиботӣ ба хотири посухи мусбии мардум дар раъйпурсиро ба роҳ мондаанд ва ин шиору овезаҳои ҳам дар метро, ҳам дар сомонаҳои расмӣ ва ҳам дар расонаҳои хабарии таҳти назорати ҳукумат ба таври фаровон метавон дид.

Тибқи назархоҳие, ки кумисиюни мустақили «Датаналисис» анҷом додааст, дар айни замон 51 дарсади афроди соҳиби ҳаққи раъй аз тайғироти ба Қонуни асосӣ пуштибонӣ мекунанд ва 48 дарсад мухолифи ин тағйиротанд.

Гуфта мешавад, Ҳуго Чавез аз пуштибонии мардуми деҳот ва маҳаллаҳои фақири шаҳрҳо бархӯрдор хоҳад шуд. Ва аммо пирӯзии ӯ дар манотиқи рушдкардае амсоли Зулиа ва Карабобо зери суъол аст. Баъд аз 10 соли сарварии ӯ норозигӣ аз сиёсати раёсати ҷумҳур миёни коргарон ҳам боло рафтааст.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи коршиносон, онҳое, ки солҳои ахир аз ҳифзи сиҳҳати беҳтар, таҳсили ройгон бархӯрдор шуда ва оқибат соҳиби манзили нав гаштанд, дар ин маъракаи сиёсӣ аз Чавес пуштибонӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин онҳое аз тамдиди муҳлати раёсатҷумҳурии Чавес ҷонибдорӣ хоҳанд кард, ки ба фардо бо чашми умед менигаранд ва мутмаинанд, ки аз имтиёзҳои таҳсили ройгон ва соҳиби манзил шудан баҳравар хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар арафаи раъйпурсӣ ҳамла ба мухолифин густариш ёфтааст. Афроди ношинос ба дафтари ҳизби мухолифи ҳукумат Democratic Action гулӯла андохтанд. Ва шабакаи телевизионии VTV ба хотири бадномсозии мухолифин навореро пахш кард, ки тибқи он раҳбарони ҳизбҳои мухолифи ҳукумат – The Christian Democrat, Justice First ва New Era – бо амрикоиҳо дар Пуэрто Рико барои сармоягузории маъракаи алайҳи раъйпурсӣ машварат карданд.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури нави Амрико Барак Обама хостори баргузории музокирот барои беҳбуди равобит миёни ИМА ва Венесуэла шудааст.
XS
SM
MD
LG