Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

G-7 вазъи бӯҳронии иқтисодиро баррасӣ мекунад


Роҳҳои ба эътидол овардани вазъи иқтисод ва бозорҳои ҷаҳонӣ масъалаи авлавиятноки давлатҳои сарватманди ҷаҳон ё гурӯҳи G-7 аст. Дар як эъломияи муштараки ин гурӯҳ гуфта мешавад, ки кишварҳои доро ҳама талошро ба хотири барқарор шудани "эътимоди комил ба низоми молии ҷаҳонӣ" ба харҷ хоҳанд дод. Дар санади мазкур инчунин роҳҳои оддисозии бозори қарздиҳӣ, афзоиши пулҳои нақди бонкҳо ва ҳалли масъалаи қарзҳои пардохтношуда зикр шудааст. Имрӯз дар Руми Итолиё нишасти ҳайатҳои молии кишварҳои Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, ИМА, Итолиё ва Ҷопон дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG