Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блэр: Бӯҳрони иқтисодӣ хатар ба амнияту субот аст


Раҳбари нави Идораи миллии кашфи Амрико Дэннис Блэр бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиро мушкили аслии амнияти миллӣ арзёбӣ кард. Зимни суханронӣ дар Конгресс раҳбари Идораи миллии кашфи ИМА гуфт, ки "ҳамроҳ бо идомаи бӯҳрон хатари ноамнии сиёсӣ дар ҷаҳон низ афзоиш меёбад".

Дэннис Блэр изҳор намуд, ба хадамоти кафш ҳанӯз маълум нест, ки Эрон ба сохтани силоҳи ҳастаӣ машғул аст ё на. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки “Ал-Қоида” чун пештара ҳамлаҳо ба кишварҳои ғарбиро тарҳрезӣ мекунад, ҳарчанд, ба гуфтаи Блэр, ин созмон чун солҳои пеш неруманд нест.
XS
SM
MD
LG