Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмон ва Схеффер анҷом шуд


«НАТО чун ҷузъи муҳими нерӯи таъмини сулҳ дар Афғонистон бояд бо мамолики ҳамсоя ва бахусус Тоҷикистон, ки дар Осиёи Миёна бо Афғонистон сарҳади аз ҳама тӯлонӣ дорад, ҳамкории фаъолонаро ба роҳ монад», - изҳор дошт т раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти имрӯзааш бо Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Яаап Де Хооп Схеффер дар Брюссел. Сомонаи интернетии президенти Тоҷикистон аз қавли Раҳмон менависад, ки амалиёти низомӣ дар Афғонистон бояд зидди тавлиди маводи мухаддир ва иҷрои барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона шавад. Яаап Де Хооп Схеффер нақши Тоҷикистонро дар минтақа ва ҳамгироии он ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ситоиш кард. Тоҷикистон як узви барномаи «Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ»-и НАТО мебошад.
XS
SM
MD
LG