Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдулло Гул ба Маскав хоҳад рафт


Раиси ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул рӯзи 12 феврал як сафари чаҳоррӯзаи кориро ба Русия шурӯъ мекунад. Дафтари Гул гуфт, ки ӯву раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев бояд як эъломияро ба манзури роҳандозии ҳамкориҳои бисёрҷонибаи миёни ду кишвар ба имзо расонанд. Инчунин қарор аст Абдулло Гул бо раиси ҷумҳурии Тотористон Минтемир Шаймиев дидору мулоқоте анҷом диҳад. Русия шарики муҳими иқтисодии Туркия мебошад. Мизони ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар дар соли 2008 40 миллиард долларро ташкил додааст. Маскав Анакараро бо 60 дар сади эҳтиёҷоти газӣ ва 30 дар сади эҳтиёҷоти нафтиаш таъмин мекунад.
XS
SM
MD
LG