Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав


Хабаргузории Интерфакс иттилоъ дод, ки зиёда аз 60 бинокор дар шаҳраки Нугински наздикии Маскав бо иттиҳоми нақзи қоидаҳои сабти номи ва иқомат боздошт шудаанд. Аксари боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Украина будаанд. Намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯяд, 40 нафари боздоштшудагон асноди иҷозаи кор дар Русияро надоштанд ва ҳуҷҷати боқимондагон номукаммал будааст. Аммо муҳоҷирони таҷрибадор мегӯянд, гоҳе авқот полиси муҳоҷират асноди дурусти онҳоро қалбакӣ мешуморад ва ё тахриб мекунад.
XS
SM
MD
LG