Имрӯз боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Белгия оғоз шуд. Дар ҷараёни ин боздид раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Ҳерман ван Рампей-нахуствазир, бо Алберти 2-шоҳи Белгия ва соири мақомоти баландпояи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ мекунад. Боздиди оқои Раҳмон аз Аврупо бо боздид аз Латвия оғоз шуд ва дар ин сафар вайро гурӯҳи бузурге аз тоҷирону корхонадорони тоҷик ҳамроҳӣ карданд. Дар ҷараёни боздид аз кишварҳои аврупоӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаи кӯмакҳои иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон ва интиқоли тронзитии колоҳо тавассути қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистонро баррасӣ мекунад.