Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми нави Бишкек барои бастани пойгоҳи Амрико


Кумитаи дифоъи парлумони Қирғизистон қарори бастани пойгоҳи ҳавоии Амрико дар фурудгоҳи Манасро тасвиб кард. Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ҳафтае қабл дар Маскав эълон кард, ки Бишкек ин пойгоҳро мебандад. Ҳукумати Қирғизистон ба дунбол тарҳи қарори бастани пойгоҳи Амрикоро барои тасвиб ба парлумон ироа кард. Аз сӯи кумитаи парлумон тасвиб шудани қарор умедвориҳо нисбат ба эҳтимоли тағйири назари Бишкекро замин мекунад. Амрико пойгоҳи Манасро тайи беш аз 7 сол ба хотири таъмини нирӯҳояш дар Афғонистон истифода мебурд.
XS
SM
MD
LG