Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризоияти кумитаи порлумон ба хуруҷи нерӯҳои ИМА


Кумитаи дифоъ ва амнияти порлумони Қирғизистон тарҳи лағви созишномаи миёни ин кишвар бо Амрикоро ба тасвиб расонд.

Гуфта мешавад, аммо масъалаи лағви ин созишнома дар иҷлосияи Жуқорғӣ Кенеш мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Қодирбек Сарбаев, вазири хориҷаи Қирғизистон, зимни суханронӣ дар ҷаласаи кумитаи порлумони кишвараш гуфт, аз вақти имзои созишномаи миёни Қирғизистону ИМА дар бораи дар ихтиёри низомиёни Амрико гузоштани пойгоҳи Гансии Манас беш аз ҳафт сол сипарӣ шуд ва дар ин муддат дар Афғонистон низ таҳаввулоти ҷиддӣ сурат гирифт.

Бино ба суханони оқои Сарбаев Афғонистон Қонуни асосӣ қабул кард, президенти худро интихоб намуд ва дар ин кишвар ҳукумати ҷадид таъсис ёфт. Вай гуфт, ба дунболи ин ҳама Шӯрои амнияти СММ моҳи сентябри соли 2008 эътироф кард, ки таъмини амнияти сартосарии Афғонистон ба дӯши ҳукумати ин кишвар гузошта шудааст. Вале бо вуҷуди ин ҳузури низомиёни ИМА дар фурудгоҳи Манас то ин замон идома кард. Вай бо таассуф қайд кард, ки мақомоти ИМА ба муроҷиатҳои батакрори Қирғизистон дар мавриди бозрасии муддати ҳузури нерӯҳои низомии ин кишвар ягон вокуниш нишон надоданд.

Ба гуфтаи мавсуф, дар майдони ҳавоии Манас аз тири низомии амрикоӣ як сарбози кишвараш ба ҳалокат расид, вале ин низомӣ ба ҷои он ки муҷозот шавад, бозпас ба ватанаш интиқол ёфт. Қодирбек Сарбаев гуфт, агар кумитаҳо ва ҷиноҳи аҳзоби порлумон аз тарҳи қонуни пешбарикардаи президент ва ҳукумат пуштибонӣ кунанд, дар он сурат низомиёни эътилофи зидди террор қаламрави кишварашро дар муддати шаш моҳи оянда тарк хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол кумитаи дифоъ, амният, мавозини қонунӣ ва ислоҳоти додрасиву ҳуқуқии Жуқорғи Кенеш баъди ба тасвиб расонидани тарҳи ин қонун онро барои баррасӣ ба иҷлосияи умумии порлумон пешниҳод кард, ки гуфта мешавад, 12 феврал маҷлиси худро баргузор хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки созишнома дар бораи истиқрори нерӯҳои низомии ИМА дар пойгоҳи ҳавоии «Манас» миёни мақомоти Қирғизистону Амрико моҳи декабри соли 2001 ба имзо расида буд. Гуфта мешавад, ки низомиёни эътилофи зидди террор қаламрави Қирғизистонро барои интиқоли маводи башардӯстона ва расонидани кумакҳои дигар ба Афғонистон истифода мекунанд, ки таҳти амалиёти «Озодии шикастнопазир» сурат хоҳад гирифт.

Исҳоқ Масалиев, раиси ҷиноҳи ҳизби коммунист дар порлумони Қирғизистон, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки ҳузури ҳар гуна пойгоҳи низомӣ дар хоки кишвараш қобили қабул нест. Исҳоқ Масалиев мегӯяд, вале низомиёни Русия дар чаҳорчӯби нерӯҳои созмони амнияти дастаҷамъӣ дар Қирғизистон мустақаранд ва ҳузури онҳоро порлумони кишвараш ба тасвиб расонидааст.
XS
SM
MD
LG