Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иванов суханони Ҷо Байденро "мусбат" арзёбӣ кард


Сергей Иванов-муовини нахуствазири Русия гуфт, ки пешниҳоди Амрико дар бораи барқарорории муносибот бо Русия "хеле мусбат" аст. Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико ин нуктаро зимни суханрониаш дар конфронси амниятии Мунихи Олмон матраҳ кард. Вай гуфт, ҳоло замоне фаро расидааст, ки ба раванди хатарноки муносиботи миёни Маскав ва НАТО хотима гузошта шавад. Иванов ба ин суханон қабл аз мулоқоташ бо Ҷо Байден ба рузноманигорон посух дод. Муносиботи миёни Амрикову Русия баъд аз муноқишаи байни Гурҷистону Русия ва эълони барномаҳои истиқрори сипари зидди мушакии Амрико дар Аврупо ба сардӣ гароид.

XS
SM
MD
LG