Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амри "ғайриинтизори" Раҳмон ба мақомот


Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мақомоти расмӣ фармон додааст, то бо расонаҳо ҳамкории бештар кунанд ва ба навиштаҳои танқидии матбуот дар ин кишвар посух ва ё вокуниш нишон диҳанд. Дар матни ин фармон, ки рӯзи шанбе нашр шуд, омадааст, мақомоти расмӣ бояд ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳои матбуот дар мӯҳлатҳои муқарраршуда вокуниш нишон дода ва аз натиҷаи баррасии онҳо дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳур ва матбуотро огаҳ кунанд. Маҳфилҳои хабарнигории Тоҷикистон мегӯянд, бетафовутии мақомоти расмӣ ба матбуот ва адами ҳамкории онҳо бахусус бо расонаҳои мустақил дар солҳои ахир нақши матбуоти Тоҷикистон дар танзими равандҳои ҷомеаро камранг кардааст.
XS
SM
MD
LG