Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико тасмими Русияро мояи таассуф хонд


Вазорати умури хориҷаи Амрико аз тасмими Русия барои таъсиси пойгоҳои низомӣ дар қаламравҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ибрози таассуф кардааст. Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида гуфт, ин тасмим созиши оташбас миёни Русия ва Гурҷистонро нақз хоҳад кард, ки баъди ҷанги кӯтоҳашон дар моҳи августи соли 2008 имзо карданд. Сухангӯи Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ рӯзи ҷумъа гуфт, Яаап Де Ҳоп Скеффер дабири кулли ин паймон ва Сергей Иванов - муовини нахуствазири Русия зимни сӯҳбат дар ин маврид ихтилофи назар доштаанд.
XS
SM
MD
LG