Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи дилхоҳи Обама дастгирӣ ёфт


Вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва Демократ дар Сенати Амрико бар сари барномаи 780 миллиардолларии ҳукумат ба мувофиқа расидаанд, ки ҳадаф аз он ба ҳаракат даровардан ва ё таҳрики иқтисоди дар ҳоли рукуди Амрикост. Интизор меравад, ҷиҳати тасвиби ин барнома дар сенат шоми имрӯз ё рӯзи якшанбе раъйдиҳӣ баргузор шавад. Пештар аз ин созиш Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико аз вакилони сенат хост, то ки фавран иқдом кунанд. Барак Обама ба омори нав доир ба иқтисоди Амрико ишора кард, ки танҳо моҳи январ 600 ҳазор ҷойи кориро кам карда ва сатҳи бекорӣ дар Иёлоти Муттаҳидаро то ба 7, 6 дар сад расонидааст.
XS
SM
MD
LG