Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдул Қодир Хон озод шуд


Додгоҳи Олии Покистон донишманди маъруф Абдул Қодир Хонро, ки "падари силоҳи ҳастаи"-и кишвар маҳсуб мешавад, расман озод кард. Абдул Қодир Хон панҷ соли ахир таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт – соли 2004-ум ӯ дар як мусоҳибаи телевизионӣ иқрор карда буд, ки текнолоҷии ҳастаиро дар ихтиёри Эрон, Либия ва Кореяи Шимолӣ гузоштааст. Мақомоти Покистон ҳама дархостҳои кишварҳои ғарбӣ барои бозпурсии Қодир Хон аз сӯи муфаттишони хориҷиро рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG