Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ба Медведев


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Ню-Йорк тавассути ирсоли як нома аз раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев даъват кард, ки қотилони вакили дифоъ Станислав Меркелов ва хабарнигор Анастасия Бабурова боздошт ва муҷозот шаванд. Дар изҳороти ахири ин Кумита омадааст, Медведев баъди сари қудрат омадан ваъда карда буд, ки ҳама парвандаҳои марбут ба ҳамла ба хабарнигорон дар Русия тафтиш ва ба додгоҳ ирсол мешаванд. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аз Медведев хостааст, ки барои ошкор шудани қазияҳои куштори ахири кормандони расонаҳои хабарӣ дар Русия аз ҳама чораҳои имконпазир кор бигирад.

Вакили дифоъ Станислав Меркелов ва хабарнигори нашрияи “Новая газета” Анастасия Бабурова 18 январи соли равон дар маркази Маскав кушта шуданд. Станислав Меркелов, аз ҷумла, аз манфиатҳои хонаводаи Кунгаевҳо – пайвандони як духтари чечен, ки соли 2000-ум аз сӯи полковники рус Юрий Буданов ба қатл расидааст, дифоъ мекард.

XS
SM
MD
LG