ИА ва паймони низомии НАТО гуфтаанд, гузоришҳои нашршуда дар бораи қасди Маскав барои таъсиси пойгоҳҳои низомиаш дар қаламрави вилоятҳои ҷудоиталаби Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ онҳоро нигарон кардааст. ИА гуфт, чунин иқдом истиқлолият ва тамомияти арзии Гурҷистонро поймол мекунад. Маскав дар пайи ҷанги кӯтоҳи моҳи августаш бо Гурҷистон он ду вилояти ҷудоиталабро ба расмият шинохт.