Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди "5 +1" ба роҳи дипломатии ҳалли баҳси Эрон


Намояндагони 6 қудрати умдаи ҷаҳонӣ, мавсум ба гурӯҳи “5+1”, ки 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти бо ҷамъи Олмонро дар бар мегирад, рӯзи чоршанбе дар пайи баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон дар Висбаден, воқеъ дар наздикии Франкфурти Олмон, эълон доштанд, ки ҷиҳтаи дарёфти як роҳи дипломатии ин баҳси ҳастаӣ тааҳҳуд кардаанд. Намояндагони баландпояи Амрикову Русия, Бритониёву Фаронса ва Чину Олмон ҳамчунин аз пешниҳоди раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар мавриди гуфтугӯи мустақим бо Эрон бар сари барномаҳои ҳастаии он кишвар истиқбол кардаанд. Нишасти Висбаден нахустин ҳамоиши қудратҳои бузург бар сари барномаҳои ҳастаии Эрон аз замони ба курсии раҳбарии Амрико нишастани Барак Обама маҳсуб шуда, ҳамагӣ як рӯз баъди ба мадор партоб шудани “Умед”, моҳвораи сохти худи Эрон, доир шуд. Кишварҳои Ғарб метарсанд, ки ин фаннновариҳо метавонанд дар оянда ба хотири партоб кардани кӯлоҳакҳои ҷангӣ низ истифода шаванд.
XS
SM
MD
LG