Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқат барои роҳҳали дипломатии Эрон


Намояндагони шаш қудрати аслии ҷаҳонӣ - ИМА, Русия, Чин, Олмон, Бритониё ва Фаронса имрӯз дар Олмон гуфтанд, ки барои пайдо кардани як роҳҳали дипломатӣ барои бӯҳрони атрофи барномаи ҳастаии Эрон ба мувофиқа расиданд. Мақомоти баландпояи ин кишварҳо инчунин имрӯз гуфтанд, ки пешниҳоди раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обамаро оид ба ташкили музокироти мустақим бо мақомоти Эронро хуш мепазиранд. Нишасти Виесбаден дар наздикии Франкфурти Олмон барои нахустин бор баъди сари қудрат омадани Обама баргузор мешавад. Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки рӯзи гузашта Эрон нахустин маҳвораи худро бомуваффақият ба мадори замин партоб кард. Хабари мазкур дар аксар давлатҳои ғарбӣ бо нигаронӣ қабул шуд, онҳо хатар доранд, ки Эрон метавонад аз фанноварии мазкур барои партоби кулоҳакҳо истифода кунад. Ҳамаи шаш кишвари музокиракунанда аз Эрон бори дигар даъват карданд, ки бо СММ ба таври ҳамаҷониба ҳамкорӣ кунад. Алорағми таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ Эрон намехоҳад даст аз ғанисозии ураниум бардорад. Эрон мегӯяд, ки барномааш ҳадафҳои сулҳомез дорад, аммо Ғарб ҳарос дорад, ки Теҳрон тавассути он метавонад дар фикри эҷоди аслиҳаи ҳастаӣ бошад.
XS
SM
MD
LG