Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун дар Исломобод ба сар мебарад



Дабири кулли СММ Бан Ки Мун баъди боздиди кӯтоҳ аз Афғонистон вориди Исломобод, пойтахти Покистон шуд. Дар ин ҷо қарор аст ӯ роҷеъ ба таъсиси комиссиюни СММ барои таҳқиқи ҳодисаи куштори нахуствазири пешин Беназир Бҳутто декабри соли 2007 бо раҳбарияти кишвар, аз ҷумла ҳамсари марҳум ва президенти Покистон Осиф Алии Зардорӣ гуфтугӯ кунад. Инчунин қарор аст дабири кулл ба ҳукумати Покистон фишор оварад, то ки раҳоии бехатари як мақоми СММ-ро, ки ду рӯзи пеш дар шимолуғарби Покистон рабуда шуд, таъмин кунанд. Чанд соат пеш аз ин дар Кобул Бан Ки Мун бо раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай ва раҳбарони маҷлиси ин кишвар мулоқот дошт. Ва гуфт, ки дар соли 2009 СММ ба масоили Афғонистон таваҷҷӯҳи вижа хоҳад кард:

"Барои СММ Афғонистон дар соли 2009 мақоми авлавиятнок хоҳад дошт. UNAMA ё Ҳайати СММ дар Афғонистон пуштибонӣ ва барномаҳои кории бештар хоҳад дошт".

Рӯзи сешанбе СММ гуфт, ки дар Афғонистон соли гузашта бар асари хушунатҳо беш аз 2100 фарди осоишта ҷони худро аз даст додаанд ва ин шумор 40 % бештар назар ба нишондодҳои соли 2007 будааст. Ӯ тааҳҳуд намуд, ки дар соли 2009 барои Афғонистон 604 миллион доллар ихтисос хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG