Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун дар Афғонистон аст


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун барои дидору гуфтугӯҳо бо раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай ва раҳбарони низомии НАТО вориди Кобул шуд. Боздиди оқои Бан аз Афғонистон дар шароите сурат мегирад, ки тибқи изҳороти ахири мақомоти Милали Муттаҳид соли 2008 дар хоки ин кишвар беш аз 2100 фарди осоишта кушта шуданд. Ва ин шумор 40 дар сад бештар назар ба мизони маргу мири хушунатбори мардуми оддӣ дар соли 2007 будааст. СММ барои кӯмак ба ин кишвари ҷангзада дар соли 2009 - 604 миллион доллар кӯмак дархост кардааст. Қарор аст дар нимаи дуюми рӯз Бан Ки Мун роҳии Покистони ҳамсоя шуда дар он ҷо роҷеъ ба таъсиси комиссиюни СММ оид ба таҳқиқи ҳодисаи куштори нахуствазири пешин Беназир Бҳутто изҳороте пахш кунад. Хонум Бҳутто декабри соли 2007 террор шуда буд. Баъди Покистон дабири кулли СММ роҳи Ҳиндро пеш хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG