Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Клинтон ба нахустин мулоқотҳои рӯбарӯ


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи сешанбе дар Вошингтон нахустин мулоқотҳои рӯбарӯ бо ҳамтоёни худ аз Бритониё ва Олмонро анҷом хоҳад дод. Аз дидор бо муттаҳидини аврупоии Амрико оғоз шудани мулоқотҳои рӯбарӯи хонум Клинтонро аҳли назар рамзӣ медонанд ва мегӯянд, Клинтон мехоҳад бо даъвати Девид Милибанд ва Франк-Валтер Штайнмайер ба Вошингтон рӯи кӣ такя кардани Амрико дар сиёсати хориҷиро таъкид кунад. Қарор аст, Ҳилларӣ Клинтон дар мулоқотҳои алоҳида бо ҳамтоёни бритониёиву олмониаш мавзӯъҳои Ироқу Афғонистон ва масоили дигари байналмилалиро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG