Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби раҳоии корманди дар Кветта рабудашудаи СММ


Дабири кулли СММ раҳоии билофосилаии корманди дар Покистон рабудашудаи ин созмонро тақозо кард. Афроди ношиноси мусаллаҳ Ян Солекиро, ки шаҳрванди Амрико буда, ба ҳайси раҳбари дафтари Ожонсии паноҳандагони СММ дар Кветта, маркази вилояти Балуҷистон кор мекард, дар роҳ ба сӯи корхонааш рабуда ва ронандаи ӯро қатл кардаанд. Масъулияти ин одамрабоиро то ҳол ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG