Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз имкони расвоии бонкҳои нав ҳушдор дод


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, бӯҳрони саросарии молӣ метавонад шумори боз ҳам бештари бонкҳоро ба коми худ фурӯ бикашад. Обама дар мусоҳиба бо телевизиони Эн Бӣ Сӣ гуфт, бонкҳо дар як вазъи хеле осебпазир қарор доранд, чунки ба амалҳои пур аз риск зиёд даст зада, ҳатто худ то ҳол пурра намедонанд, ки чӣ қадар пул бой додаанд. Аммо Барак Обама нагуфт, ки оё давлати ӯ қасд дорад, ба истилоҳ “бонки баде” таъсис диҳад, то суратҳисобҳои хатарнокро аз дигар ниҳодҳои молӣ харидорӣ кунад. Бар асари бӯҳрони молӣ алакай чанд бонки бузург ва ширкатҳои бузурги бимаи Амрико дучори расвоӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG