Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 корманди пулиси афғон дар ҳамлае кушта шудаанд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, имрӯз як бамгузори интиҳорӣ дар дохили маркази омӯзишии пулиси вилояти Урузгон худро мунфаҷир сохт. Дар ин ҳодиса 18 афсари пулис кушта шудаанд. Ҷумъагул Ҳиммат-раиси пулиси вилоят мегӯяд, ин ҳамла дар Тирин Котон-маркази идории ин вилоят анҷом гирифтааст. Ба гуфтаи Ҳиммат, , дар ин инфиҷор кормандони дигари пулис низ ҷароҳат бардоштаанд ва ҷароҳати 7 нафари онҳо ҷиддист. Аз шиддати инфиҷор чанд бинои атроф осеб дидааст.

XS
SM
MD
LG